Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин

17.05.2023 09:57, Чин
Мулоқот бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин   17.05.2023

17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ изҳор доштанд, ки мо ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Тоҷикистону Чин аҳамияти бузург медиҳем.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин дар соҳаи амниятро муҳокима карданд.

Дар робитаҳои дуҷониба ба масъалаи ҳамкории парламентҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои байниҳизбӣ, ки дорои мавқеи муҳим мебошанд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, таҳкими робитаҳо дар бахшҳои илму маориф ва фарҳангию гуманитариро ҷавобгӯи талаботи замон шумурданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520