Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев

17.05.2023 18:09, Чин

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати ҳафтодсолагиашон самимона табрик гуфта, ба ӯ тансиҳатӣ, саодат ва дар татбиқи нақшаҳои дарпешистода муваффақиятҳои минбаъда таманно намуданд.

Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бародари Қазоқистон сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаро орзу намуданд.

Дар рафти суҳбат Президентҳо масъалаҳои муҳими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистонро бо ишора ба муҳимияти татбиқи фаъолонаи тавофуқоти ҷонибҳо, ки зимни сафари бобарори давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон аввали моҳи майи соли равон ба даст омада буданд, баррасӣ намуданд. Аҳамияти қабули эъломия дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкории ду давлат дар қолаби муносибатҳои ҳампаймонӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла нахустин саммити дарпешистода дар сиғаи «Осиёи Марказӣ-Чин»-ро, ки пагоҳ дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520