Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар барномаи фарҳангӣ дар Боғи Фуронги шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин

18.05.2023 20:50, Чин
Иштирок дар барномаи фарҳангӣ дар Боғи Фуронги шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин  18.05.2023

Шоми рӯзи 18 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи “Фуронг”-и шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар барномаи фарҳангии театрикунонидашуда, маросими оғози “Соли фарҳангу санъати Осиёи Марказӣ-Чин” ва ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони Осиёи Марказӣ-Чин иштирок карданд.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар Сарони давлатҳои Осиёи Марказиро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсараш, бонуи аввали Чин хонум Пэн Лиюан гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Пас аз маросими аксбардорӣ ба Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин барномаи рангини фарҳангии театрикунонидашуда ба муносибати оғози “Соли фарҳангу санъати Осиёи Марказӣ-Чин” ва ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони Осиёи марказӣ-Чин намоиш дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520