Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Рӯшон

18.07.2008 20:30, ноҳияи Рӯшон

Нимаи дуюми рӯзи 18 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯшон рафт.

Дар ин ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи биноҳои нави филиали «Агроинвестбонк» ва шӯъбаи молия иштирок намуда, таъкид дошт, ки ҳадаф аз сохтмони филиалҳои бонкҳои саҳҳомӣ дар ҳамаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, афзоиш додани қарздиҳии хурд ба соҳибкорони деҳот ва осон намудани дастрасии онҳо ба нуқтаҳои қарзгирӣ аст.

Мавриди зикр аст, ки бо супориши Сарвари давлатамон баҳри афзун намудани қарздиҳии хурд ба соҳибкорони деҳоти кӯҳистон бонкҳои саҳҳомӣ бояд филиалҳои худро дар ҳамаи ноҳияҳои кишвар дошта бошанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб роҳбарияти ин ва дигар бонкҳоро ба дастгирии васеъи соҳибкорони деҳоти дурдасти кӯҳистон ҳидоят намуд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Ганҷ»-и ноҳияи Рӯшон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди истифодабарии пурсамари замин шуд. Воқеан кори деҳқонони ин хоҷагӣ метавонад барои дигарон намунаи ибрату пайравӣ бошад. Зикр гардид, ки бозорҳои шаҳри Хоруғро бо ғалладона ва меваю сабзавот асосан деҳқонони ноҳияи Рӯшон таъмин мекунанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи пурсамари заминҳо дар ин хоҷагӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар ноҳияи Рӯшон Роҳбари давлат ҳамчунин бо рафти сохтмони мактаб-интернати вилоятӣ шинос шуд. Зимни шиносоӣ ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки дар ноҳияи Рӯшон сохтмони мактаб-интернати ҷумҳуриявиро барои 650 нафар хонанда ба нақша гиранд. Тарбиятгирандагони мактаб-интернат ба Президенти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории доимии падарона изҳори миннатдорӣ карданд.

Дар боғи марказии ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди намоишгоҳи пуршукӯҳи маҳсули меҳнати ҳунармандони мардумӣ, маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ шуд.

Мардуми ҳунарманд бо шавқу завқи хоса маҳсулоти гулдӯзӣ, заргарӣ, чӯбтарошӣ, сангтарошӣ, ҷӯробҳои бадахшӣ ва ғайраро ба маъраз бароварда буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори сатҳи ҷумҳурӣ дастур дод, ки қарздиҳии хурди бонкиро баҳри рушди ҳунармандии мардумӣ зиёд намуда, барои фурӯши маҳсули дасти устоҳою чеварони гулдасти бадахшӣ як мағоза дар шаҳри Душанбе кушода шавад, то ки дастрасии сайёҳони хориҷӣ ва дигар дӯстодорони ин санъатҳо бештару беҳтар гардад.

Дар маркази ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо бештар аз 2500 нафар фаъолон ва намояндагони сокинони он вохӯрӣ намуда, сӯҳбатҳои озоду ошкоро анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии ВМКБ ёдовар шуда, иттилоъ дод, ки имрӯз ба мактабҳои ноҳияи Рӯшон 30 адад компютер, ба муассисаҳои тандурустӣ ду мошини нави ёрии таъҷилӣ ва ба аҳолии ноҳия 4 автобус тӯҳфа карда шуд. Таъкид гардид, ки дар нимсолаи дуюми соли равон барои сохтмон ва таъмиру тармими иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ 1 миллиону 420 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад.

Ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки сохтмони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои 650 нафар хонанда дар ноҳияи Рӯшон дар зарфи 1,5 - 2 соли оянда ба анҷом расонида шавад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар зарфи ду соли оянда барои азнавсозии ду мактаби садамавӣ, беморхонаи ноҳиявӣ, якчанд бунгоҳҳои тиббӣ ва сохтмони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ беш аз 6 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо мегардад

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520