Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел

02.06.2023 13:58, Қирғизистон
Мулоқот бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел  02.06.2023

2 июни соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон – Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бобати вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бо тамаркуз ба ҷалби сармояи аврупоӣ ва кумаки техникиву молиявӣ дар амри татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии рушди Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати суръатбахшӣ ба раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Низоми  умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупоро (GSP+), ки ҳамчун омили густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Аврупо ба шумор меравад, таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба муқовимат бо хатару таҳдидҳои амниятӣ бо тамаркуз ба вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд.

Мулоқот дар фазои созанда ҷараён гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520