Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар вохӯри бо сокинони ноҳияи Ванҷ

18.07.2008 16:30, ноҳияи Ванҷ

Падарону модарони гиромӣ ва бародарону хоҳарони меҳрубон!

Пеш аз ҳама мехоҳам ба шумо иброз дорам, ки дар ҷараёни ҳар сафари худ ба ноҳияҳои зебоманзари Ванҷу Дарвоз ман ҳамеша самимияту меҳрубонии шуморо эҳсос менамоям. Ва барои ин иззату эҳтиром ва пазироиву меҳмоннавозии самимиатон, ки хоси сокинони кӯҳистон аст, ба ҳар яки шумо арзи миннатдорӣ менамоям.

Воқеан шумо – сокинони сарбаланди ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, ки яке аз гӯшаҳои биҳиштосои Ватани азизамон ба шумор мераванд, ба монанди табиати нотакрори зодгоҳатон, яъне кӯҳҳои сар ба фалаккашида, дараҳои хушбоду ҳаво, рӯду шаршараҳои назаррабо ва боғҳои шаҳдрезу замини ҳосилхез бо фазилатҳои неку наҷиби худ шӯҳратёр гардидаед.

Мардуми фарҳангиву тамаддунофари мо, ки аз азал салиқаи баланди зебоипарастӣ доранд, беҳуда оғӯши кӯҳҳо ва дараҳои хушманзараи Ванҷу Дарвозро таърихан макони зисти худ қарор надодаанд. Онҳо ҳанӯз аз гузаштаҳои дур бо меҳру муҳаббати зиёд ба марзу буми аҷдодӣ ин мавзеъҳоро ба боғу бӯстон табдил дода буданд.

Бо усули ҳашар бунёд намудани ҷӯйбору осиёбҳо, иморатҳо ва ҳунари аз оҳансанг ҳосил намудани оҳани холис низ аз ҳамин ҷо ибтидо гирифтааст. Ҳанӯз дар тӯли садсолаҳои гузашта сокинони Ванҷ бо заҳматдӯстӣ, ваҳдату ҳамраъйӣ, ҳамдастиву ҳамбастагӣ ва фарҳангпарварии хоса, ки имрӯз барои миллати мо нисбат ба ҳар вақти дигар аҳамияти бештар пайдо кардаанд, ҳаёт ба сар мебурданд ва бо меҳнати фидокорона диёри худро ба мавзеъҳои ободу осуда табдил додаанд.

Шоири маъруф Муллоёри Ванҷӣ низ дар ин бора фармудааст:

Ҳимматат бошад ба ҳар коре баланд,
Мешавӣ дар байни мардум арҷманд.

Сокинони ин диёр бо рушди хуби кишоварзӣ ва боғдорӣ навъҳои зиёди зироату растаниҳо ва меваҷотро парвариш менамуданд, ки ин анъана то ҳол идома дорад. Меваҳои хуштамъе, ки ҳоло дар Ванҷу Дарвоз парвариш меёбанд, на танҳо дар дохили мамлакатамон, балки берун аз он низ шӯҳрат ва харидорони зиёд пайдо кардаанд. Мувофиқи маълумоте, ки ман дорам, тоҷирони ватанӣ ва кишварҳои ҳамсоя ҳанӯз пешакӣ барои харидории маҳсулоти хушсифати ин мавзеъҳо меоянд, ки ин дар шароити кӯҳистон яке аз манбаъҳои асосии даромади аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Аз ин рӯ, идома додани ин анъана ва эҳёву барқарор намудани навъҳои серҳосили ғалладона ва меваҳои шаҳдборе, ки аҷдодони мо мерӯёниданд, вазифа ва қарзи наслҳои имрӯза аст.

Ҳоло бо истифода аз маблағҳои давлатӣ дар ноҳия беш аз 100 гектар замини нав азхуд гардида, майдони кишти ғалладона, картошка, сабзавот ва навъҳои дигари зироат нисбат ба соли гузашта хеле афзуд.

Ҳамчунин бо мақсади тараққӣ додани парвариши ғалладона, боғдорӣ, картошкапарварӣ, замбӯрпарварӣ ва чорводорӣ Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Ванҷ бо сарфи беш аз 800 ҳазор сомонӣ Барномаи рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва идораи ҳавзаи дарёҳоро ба анҷом расонид, ки дар натиҷаи он вазъи бахшҳои зикршуда хеле беҳтар хоҳад гардид.

Барои тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ ноҳияи Ванҷ имкониятҳои фаровон ва бисёр мусоид дорад. Ва ман итминон дорам, ки кишоварзони ноҳия ҷавобан ба Муроҷиатномаи Роҳбари давлат ба мардуми кишвар аз ин имкониятҳо оқилона истифода бурда, аз ҳар ваҷаб замини кишт самараву фоида мегиранд ва дастурхони худро минбаъд низ бо дастранҷи меҳнати ҳалоли хеш пур аз нозу неъмат мегардонанд.

Ҳукумати кишвар саъй дорад, ки ба хотири дар ноҳияҳои кӯҳистон ҳарчи бештар тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкорӣ, инчунин тавассути он баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум ҳамаи шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам оварад. Дар ин самт ғамхорӣ ва мусоидати Ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома пайдо хоҳад кард. Бо ин мақсад ҳоло аз тариқи бонкҳо додани қарзҳои хурд торафт вусъат ёфта истодааст, ки афзоиши қариб дукаратаи ҳарсола дар тӯли се соли охир нишондиҳандаи хуби ин раванд мебошад.

Дар давоми даҳ соли охир аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди ноҳияи Ванҷ 27 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 20 миллион, лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ қариб 4 миллион сомонӣ равона гардидааст. Танҳо барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷети ноҳия ба маблағи 15 миллион субвенсия ҷудо карда шудааст, ки ин 95 фоизи хароҷоти ноҳияро ташкил медиҳад.

Ҳозирини гиромӣ!

Мусаллам аст, ки гузаштагони мо – тоҷикон аз азал фарҳангдӯсту тамаддунсоз буданд. Мо имрӯз бо адабиёти оламгири миллати худ, ки ганҷинаи илму адаби оламшумул аст, ифтихор менамоем. Ба ҳама маълум аст, ки сокинони Ванҷу Дарвоз низ ба монанди аҷдодони хирадмандамон ба адабиёт, фарҳанг ва санъати мусиқиву овозхонӣ, ки намунаҳои барҷастаи он шашмақому фалакхонӣ мебошанд, меҳру муҳаббат ва дилбастагии зиёд доранд.
Ҳамаи мо ашъори пурҳикмати Муллоёри Ванҷӣ ва маҳорати овозхонии ҳунармандони бузурги халқ – Акашариф Ҷӯраев ва Абдулло Назриевро, ки бо сабки хоси мардуми кӯҳистон месароиданд, хуб дар хотир дорем ва онҳоро дӯст медорем.

Гузаштагони мо дар тамоми давраҳои таърихӣ анъанаву суннатҳои миллии фарҳангиро нигоҳ доштаанд ва онҳоро бо такмилу сайқали тоза аз насл ба насл ба мерос гузошта, рисолати инсониву миллии худро адо кардаанд. Аз ин рӯ, мо низ дар назди наслҳои ояндаи миллати худ вазифадор ва қарздорем, ки дастовардҳои фарҳангиро бо тамоми ҷузъиёту нозукиҳояш ба мерос гузорем.

Дар баробари ин, ноҳияи Ванҷ ҳам дар дохили кишварамон ва ҳам берун аз он бо паҳлавонони худ шӯҳрат пайдо кардааст. Мо ифтихор менамоем, ки ҷавонони Ванҷ бо маҳорати баланди гӯштингирӣ, ки санъат ва расми хуби мо – тоҷикон буда, аз азал барои ваҳдату иттиҳоди миллӣ мусоидат мекард, дар чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия доир ба рушди варзиш тадбирҳо андешида, дар масъалаи сохтмони як варзишгоҳи замонавӣ дар ноҳияи Ванҷ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намояд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки мо бо мақсади рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатамон азнавсозӣ ва бунёди як силсила иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ, роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи иҷтимоиро пеш гирифтаем. Дар доираи ин ҳадаф дар қаламрави ноҳия нерӯгоҳи барқи обии Андарбак, шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб ва як қатор иншооти дигари дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва мавриди таъмиру таҷдид қарор дода шуданд.

Имрӯзҳо бо мақсади беҳтар намудани ҳолати инфраструктураи ноҳия сохтмони ду пул, барқарорсозии роҳҳои мошингард, инчунин бунёди мактабҳои миёнаи рақами 30, 34 ва 15 идома дорад. Дар соли 2008 барои маблағгузории иншооти мазкур қариб якуним миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки сохтмони мактаби таҳсилоти умумии рақами 36-ро оғоз намояд ва якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дар хусуси таъмиру таҷдиди дигар мактабҳо чораҳои зарурӣ андешад.

Дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор карда мешавад, ки якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар сохтору мақомоти дахлдор сохтмони корхонаҳои коркарди меваро оғоз карда, фаъолияти корхонаи коркарди санги мармарро бо иқтидори пуррааш ба роҳ монанд. Инчунин ба Вазорати энергетика ва саноат супориш дода мешавад, ки якҷоя бо сохтору мақомоти дахлдор масъалаи сохтмони корхонаи истеҳсоли семент ва истихроҷу коркарди кони никелро дар ҳудуди ноҳия ҳамаҷониба баррасӣ намояд.

Мо минбаъд низ корҳои созандагиву бунёдкориро дар ҳудуди ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар, аз ҷумла Ванҷу Дарвоз идома дода, барои беҳбудии вазъи зиндагии мардум азму талош хоҳем кард. Дар навбати худ тамоми сокинони ноҳия, яъне аз хурд то бузург, ки қадру манзалати Ватани аҷдодиамонро азиз медонанд, бояд пеш аз ҳама дастоварди бузургтарини истиқлолияти давлатиамон - ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо пос доранд, ба қадру қимати давлати озоду мустақил, обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва сулҳу суботи Ватани азизамон – Тоҷикистон расанд ва ба хотири боз ҳам ободу шукуфо гардидани он саъю кӯшиш намоянд.

Дар баробари ҳидоят ба амалҳои неку созанда ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи забони тоҷикӣ, ки мероси гаронбаҳои ниёгонамон ва ганҷи бебаҳои миллатамон мебошад, табрику таҳният гуфта, барои таҷлили шоистаи 17-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, 1150-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ дастовардҳо, тандурустиву бахту иқболи накӯ орзумандам.

Саломат бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520