Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди

03.06.2023 17:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Моди барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум бар асари садамаи қатораҳои роҳи оҳан дар штати Одишаи Ҷумҳурии Ҳиндустон боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба ин ҳодисаи фоҷеабор ҳамдардиву таслияти самимии ин ҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Ҳиндустон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520