Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

10.07.2023 11:15, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.  

Дар рафти суҳбат натиҷаҳои интихоботи президентии дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузоргардида мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Пешвои миллат бо таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои нави беназир дар фаъолияти давлатӣ муҳтарам Шавкат Мирзиёевро бо натиҷаҳои муваффақонаи ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ва аз нав интихоб гардиданаш ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон самимона табрик гуфтанд.

 Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд. Ҷараёни устувори рушду таъмиқи тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду давлат қайд карда шуд.

Дар ин зимн президентҳо алоқамандии тарафайнро ҷиҳати идомаи амалҳои муштарак дар маҷрои таҳкими минбаъдаи   муносиботи ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Узбекистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду мардуми ба ҳам бародар таъкид карданд.

Президентҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлати мо ба Узбекистони дӯст ва мардуми шарифи он сулҳу амонӣ, некрӯзӣ ва шукуфоии пойдор орзу намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520