Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар як қатор воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

12.07.2023 11:35, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Суҳроб аз вазифаи сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Мирзомуродзода Рустам ба вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳамчунин, сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

Сардори давлат зимни суҳбат бо ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти зикргардида фаъолияти соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта, пешгирии ҳамагуна қонунвайронкуниҳо ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ва ёдовар шудан ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии Бозрасии давлатии автомобилӣ супориш доданд, ки тамоми кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд.

Ба роҳбарияти мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур дода шуд, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520