Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён

31.07.2023 12:45, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муҳтарам Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Хабари даргузашти бародаратон Шайх Саид ибни Зоид Оли Наҳён боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид.

Вобаста ба ин талафоти гарон ба Шумо ва ҳамаи наздикону пайвандонатон таъзияву таслияти сидқии ин ҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил масъалат дорам. Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат ва ҷояшро ҷаннат гардонад.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520