Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз майдончаи назоратии болои “Бинои технологӣ”-и Неругоҳи барқи обии “Роғун”

09.08.2023 13:00, шаҳри Роғун
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз майдончаи назоратии болои “Бинои технологӣ”-и Неругоҳи барқи обии “Роғун”   09.08.2023

Дар идомаи боздид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдончаи назоратии болои “Бинои технологӣ”-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар қисми поёнии сарбанд ошно гардиданд.

 Ҳоло барои бунёди қисмҳои болоӣ ва поёнии сарбанд мошину механизмҳои муосиру замонавӣ, аз қабили техника ва мошинҳои калонҳаҷми борбардор барои кашонидани сангу шағал, дастгоҳҳои муқтадир барои тозакунии паҳлуҳои кӯҳҳо ҷалб гардида, корҳо мувофиқи нақшаи тасдиқгардида ҷараён доранд.

 Аз ҷумла, то ба имрӯз хобонидани маводи сангу шағал дар қисми болоии сарбанд то сатҳи 1140 метр иҷро гардида, дар ҳаҷми 13 миллион метри мукааб мавод хобонида шудааст.

Ҳамин гуна, кор дар қисми поёнии сарбанд низ бомаром идома дошта, хобонидани сангу шағал дар сатҳи 1083 метр ҷараён дорад. Дар қисми поёнии сарбанд ба андозаи 6 миллион метри мукааб мавод аз анборҳои захиравӣ кашонидаву хобонида шудааст. Дар маҷмуъ дар қисматҳои болоӣ ва поёнии сарбанд ҳудуди 19 миллион метри мукааб  мавод хобонида ва мустаҳкам карда шудааст.

 Тозакунии паҳлуҳои куҳҳо дар қисмати ядрои сарбанд аз сатҳи 1300 метр то 990 метр қисман ва аз сатҳи 990 метр то сатҳи 960 метр пурра иҷро гардидааст. То ба имрӯз дар ҳаҷми зиёда аз 2,7 миллион метри мукааб корҳои хокбардорӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Ҷиҳати  бунёди саривақтии иншооти мазкур кор  ба таври шабонарӯзӣ роҳандозӣ гардидааст.

Бояд қайд кард, ки ҳар қабати маводи хобонидашуда аз ташхиси лабараторӣ   гузаронида мешавад ва барои бунёди ин қитъа сангу шағал ва ҷинсҳои кӯҳӣ дар доираи тарҳи тасдиқгардида истифода   мешавад.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба масъулин барои иҷрои саривақтиву босифати корҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дода, мутахассисонро вазифадор намуданд, ки назорати сифати ҳар қабати биефи поёнии сарбандро ҷиддиву ҳамаҷониба ба роҳ монанд, то иншооти мазкур дар доираи меъёру талаботи байналмилалии соҳавӣ бунёд карда шавад.

   

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520