Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Роштқалъа

16.08.2023 12:18, ноҳияи Роштқалъа
Ифтитоҳи бинои шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Роштқалъа   16.08.2023

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бинои нави маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои замонавӣ аз 3 ошёна иборат буда, ҳама ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст, ки барои фаъолияти пурсамари кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши Хадамоти муҳоҷират ва Филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Роштқалъа мусоидат мекунад. 

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2016 шуруъ гардида, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби беш аз 60 нафар сокинони маҳаллӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз имконоти фароҳамшуда ва сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, кормандони соҳаро ба хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.   

Бинои нави шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Роштқалъа аз 10 ҳуҷраи барҳавои корӣ ва 4 синфхонаи омӯзишӣ, ҳамчунин маҷлисгоҳ бо 20 ҷойи нишаст иборат буда, дорои беҳтарин шароити корию таълимӣ аст.

Минбаъд сокинони ноҳияи Роштқалъа дар синфхонаҳои дорои шароити хуби ҳунаромӯзӣ аз рӯйи ихтисосҳои қаннод, дӯзанда, технологияи компютерӣ, таъмиргари таҷҳизоти сантехникӣ ва асбобҳои барқӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Инчунин дар шафати бинои мазкур иншооти иловагии дигар сохта шудааст, ки он барои омӯзиши нозукиҳои касби таъмири воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудааст.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки акнун дар шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамасола то ҳазор нафар шахсони бешуғл ба касбомӯзӣ ҷалб мешаванд. 

Бино ва саҳни он зебову назаррабо буда, дар атрофаш роҳравҳо сохта шудааст. Иншооти навбунёд метавонад солҳои дароз ба мардуми ин гӯшаи зебои Тоҷикистон хизмат намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520