Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Роштқалъа

16.08.2023 13:10, ноҳияи Роштқалъа
Ифтитоҳи бинои Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Роштқалъа   16.08.2023

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ин ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа бинои нави маъмурӣ дар масоҳати 156 метри мураббаъ бунёд гардида, иборат аз ду ошёна ва 11 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва китобхона мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2021 оғоз гардида, бо маблағгузории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бунёд шудааст.

Дар Кумитаи идораи замини ноҳия ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Роштқалъа 14 нафар фаъолият мекунанд. Кормандон аз беҳтар шудани шароити корӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳори қаноатмандӣ карданд.

Давоми 5 соли охир аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон бинои маъмурии зерсохтори Кумита дар ноҳияҳои Ишкошим ва Рӯшон пурра тамиру навсозӣ гардид.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат шароити кории кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ноҳияҳои Ванҷ ва Шуғнон низ беҳтару хубтар гардидааст.

То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз низ бинои нави маъмурии ин Кумита сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида дар бино шинос шуда, аз бунёди иншоотҳои маъмурӣ ва беҳтар гардидани фаъолияти кормандон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сарвари давлат кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Роштқалъаро ба фаъолияти хубу босамар ҳидоят карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520