Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов

14.09.2023 12:20, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов  14.09.2023

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон ва рӯзномаи ҳамоишҳои Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои вохӯриҳои дарпешистода омили таҳкими ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ хоҳанд шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва робитаҳои фарҳангию гуманитариро баррасӣ намуданд.

Барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ зарур шумурда шуд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон ҷоннок карда шавад.  

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520