Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла

23.09.2023 12:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти собиқ Президенти Ҷумҳурии Италия Ҷорҷо Наполитано боиси андӯҳи мо гардид.  

Ҷаноби Наполитано бо фаъолияти сиёсии доманадори худ ҳамчун    шахсияти боризи давлатӣ дар ҷомеаи Италия ва берун аз паҳнои он шинохти умум пайдо карда, соҳиби обрӯву эътибори шоиста гардида буд.

Ҷониби Тоҷикистон нақши марҳумро дар таҳкиму тавсеа ва рушди равобити неку ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Италия қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорад.

Лутфан таъзияву таслияти самимии инҷонибро ба ҳамаи пайвандону наздикони ҷаноби Наполитано ва мардуми дӯсти Италия бирасонед».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520