Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими таҷлили Рӯзи ваҳдат дар шаҳри Кӯлоб

25.06.2008 21:00, шаҳри Кӯлоб

Ҳамватанони азиз!
Дӯстони арҷманд!

Ду сол пеш мову шумо дар ин майдони ободу зебо ба ифтихори ҷашни 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб ҷамъ омада будем. Имрӯз ба шарофати Рӯзи ваҳдати миллӣ, яъне ҷашни пирӯзии хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳи тоҷикон мо боз ба дидори якдигар расидем. Имрӯз аз субҳ мо бо вазъи зиндагии аҳолии шаҳр, пешрафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва рафти иҷрои амру фармонҳо ва супоришҳои Роҳбари давлат шинос шуда, хатти интиқоли барқи баландшиддати Лолазор – Хатлонро ба истифода супоридем ва бо роҳбарону масъулони мақомоти шаҳр ва вилояти Хатлон доир ба дастоварду мушкилоти мавҷуда машварати корӣ гузаронидем.

Маҳфили ҳозираи мо, ки ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ сурат мегирад, ҷамъбасти сафари кории мо ва дар айни замон оғози тантанаҳои идона мебошад.

Аз ин рӯ, ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ, сокинони сарбаланду меҳмоннавози шаҳри Кӯлоб ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро, аз ҷумла ба муносибати рӯзи сулҳу ваҳдати миллати куҳанбунёдамон табрику таҳният гуфта, бароятон рӯзгори осуда ва саодату хушбахтӣ орзу менамоям.

Ваҳдати миллие, ки мо ёздаҳ сол пеш ба шарофати хиради азалӣ, фитрати сулҳхоҳӣ ва азму иродаи қавии миллати тамаддунофари худ ба даст оварда, дар мамлакат сулҳу суботро барқарор кардем, барои ҳар як сокини Тоҷикистон ниҳоят бузург ва таърихӣ дорад. Қадру қимати сулҳу суботро бо гузашти солҳо ҳар кадоми мо беш аз пеш амиқтар эҳсос менамоем. Зеро маҳз аз баракати истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ мо барои рушди устувори тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мустаҳкам гузоштем ва созандагиву бунёдкориҳои азимро дар Тоҷикистони азизамон зина ба зина таъмин карда истодаем.

Бояд зикр кард, ки ҳамаи орзуву ният ва мақсадҳои созандаи мардуми шарифи кишварамон дар фарҳанги сулҳи тоҷикон ва суботи кунунии Тоҷикистон ифода ёфтаанд.

Аз ин рӯ, аз ҳар кадоми мову шумо тақозо мегардад, ки пеш аз ҳама Ватани азизи худро дӯст дорем ва барои таҳкими сулҳу суботи пойдор, ваҳдати шикастнопазири миллӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ кӯшишу талош намоем.

Мо набояд фаромӯш созем, ки сулҳу ваҳдат миллати моро аз парокандагӣ наҷот дода, давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошт.

Аз ин рӯ, бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми мо дигар ҳаргиз роҳ намедиҳад, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлатамон халалдор гардад. Чунки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо аҳамияти бузурги худ аллакай ба арзишҳои муқаддаси давлату миллатамон табдил ёфтаанд. Маҳз ба шарофати онҳо мо тамоми рукнҳои давлатдориро барқарор ва бӯҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоиро бартараф намуда, дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегиямон оид ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани кишвар ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат хеле корҳоро анҷом додем.

Дар баробари ин, мақсаду мароми давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад, ки мо ба ин ҳадафи худбо роҳи рушди устувори иқтисодӣ ҳатман ноил хоҳем гашт.

Дар марҳалаи кунунии рушди Тоҷикистон тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи сулҳу амният, оромиву осудагӣ, эҳсоси гарми ватандорӣ, худшиносӣ ва омӯзишу пос доштани таъриху фарҳанги пурғановати миллӣ, инчунин дастовардҳои беҳтарини тамаддуни башарӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди бонангу номус дар назди Ватан-Модар аст.

Ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки мо ҳоло кохи мӯҳташами сулҳу ваҳдати Тоҷикистонро бунёд кардаем ва он то абад пойдору устувор боқӣ хоҳад монд.

Барои ҳифз ва таҳкими ин бинои сулҳу амонӣ аз ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст талаб карда мешавад, ки бо ақлу хиради солим, донишу таҷриба, азму иродаи қавӣ ва меҳнати созандаву бунёдкорона дар ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодиямон саҳмгузор бошад.

Дар охир, бори дигар ҳамаи шумо - ҳозирини гиромиро ба ифтихори иди Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, бароятон хушрӯзиву хушбахтӣ, тандурустиву саодатмандӣ ва комёбиву дастовардҳои тоза орзу менамоям.

Бигзор, дар ҳар як хонадони мардуми кишвар рӯзгори ободу осуда пойдор бошад!

Бигзор, сарзамини куҳанбунёди моро машъали сулҳу сафо то абад нурафшон созад!

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520