Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендия

 

Дар асоси моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ, тақвият додани нақши ҳавасмандкунии музди меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фармон медиҳам:

1. Аз 1 июли соли 2008 музди меҳнати ҳадди ақал дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба андозаи 60 сомонӣ ва нафақаи ҳадди ақал ба андозаи 60 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
2. Аз 1 июли соли 2008:
- нақшаи музди меҳнати вазифавии хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура ва маош барои рутбаи ҳарбӣ (махсус) мувофиқи замимаҳои №№ 1-43 муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба андозаи 70 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 50 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони соҳаи илм, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг 50 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавӣ ва ставкаҳои тарифии кормандони дигар муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (ба ғайр аз дар сархатҳои якум, дуюм, сеюми банди 2 ва сархати якуми банди 3 фармони мазкур) ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад;
- нафақаҳои меҳнатии нафақахӯрон ба андозаи 40 фоизи нафақаи ҳадди ақали муқарраргардида зиёд карда шавад;
- андозаи ҳадди ниҳоии нафақа ба маблағи 300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
3. Аз 1 сентябри соли 2008:
- маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии мудирони муассисаҳои томактабӣ мувофиқан аз шумораи тарбиягирандагон ба маоши вазифавии директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баробар карда шавад;
- маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи шумораи хонандагон баробар карда шавад;
- маоши вазифавии директорони муассисаҳои беруназмактабӣ ба маоши вазифавии директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии бо шумораи хонандагонашон то 400 нафар баробар карда шавад;
- музди меҳнати мураббиёни муассисаҳои томактабӣ ва мактаб-интернатҳо, муаллимони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи тахассус ва таҳсилот баробар карда шавад;
- андозаи амалкунандаи стипендияҳои Президентӣ, стипендияи аспирантҳо ва стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои Донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) 40 фоиз зиёд карда шаванд.

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар мӯҳлати ду моҳ ҷиҳати ба фармони мазкур мутобиқ намудани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешад;
- дар мӯҳлати як моҳ қарорҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намояд;
- ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд (ба ғайр аз нафақа) мувофиқи Қоидаҳои аз 1 июни соли 2007 тасдиқшуда ҳисоб карда шаванд;
- аз 1 июли соли 2008 оид ба Тартиби муайян намудан ва пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои илм, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар доираи фонди музди меҳнати тасдиқшуда чораҳои зарурӣ андешад;
- аз 1 сентябри соли 2008 нақшаи нави музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар доираи фонди музди меҳнати дар Буҷети давлатӣ пешбинишуда ва маблағҳои махсуси ин муассисаҳо муайян намояд;
- аз 1 сентябри соли 2008 ба сарбории таълимии амалкунандаи муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидои касбӣ тағйирот ворид намояд.



Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
20 июни соли 2008
№ 480

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520