Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти корҳои таҷдиду барқарорсозии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе

17.06.2008 15:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои таҷдиду барқарорсозии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуда, дар бинои ШСХК Барқи Тоҷик бо намояндагони сершумори энергетикҳои кишвар вохӯрӣ намуд.

Бурду бохти кишвар дар соҳаи энергетика, ки дар сиёсати ҳар як давлати мустақил аҳамияти стратегӣ дорад, пайваста зери назар ва дастгирию ғамхории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аҳамияти ҳаётан муҳим доштани ин соҳа барои рушду нумӯи тамоми ҷанбаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар дар рӯзҳои сардии гӯшношуниди зимистони гузашта барало аён шуд ва роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳуриро ба андешидани чораҳои таъхирнопазир водор намуд.

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти иҷрои супоришҳои худ вобаста ба барқарорсозии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бевосита шиносоӣ пайдо намуд.

Чунонки маълум шуд, то имрӯз баҳри таъмиру барқарорсозии он дар ҳаҷми беш аз 4,3 миллион сомонӣ корҳо анҷом дода шудаанд. Роҳбарияти марказ Сарвари давлатро бовар кунонданд, ки тамоми корҳо дар мӯҳлаҳои муайяншуда анҷом ёфта, то якуми октябри соли равон иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ ба 180 мегават ва гармӣ ба 357 гекакаллория расонда мешавад.

Зикр гардид, ки ҳоло барои таъмини кори бемонеаи марказ дар мавсими сармо захира кардани мазут оғоз шуда, то имрӯз 4,5 ҳазор тонна ворид карда шудааст. То оғози кори марказ бояд 39 ҳазор тонна мазути хушсифат захира карда шавад. Дар рафти шиносоӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки маркази барқу гармидиҳӣ бо дегхонаҳои иловагии худ дар қисматҳои шарқӣ ва ҷанубу ғарбии пойтахт имкон дорад, ки тамоми талаботи имрӯзаи шаҳри Душанберо пурра қонеъ гардонад. Ба гуфти масъулин марказ бо иқтидори имрӯзаи худ метавонад ҳатто талаботи пойтахтро дар сурати хеле васеъ шудани он низ таъмин намояд. Тибқи маълумоти онҳо мушкилӣ танҳо дар он аст, ки шабакаи гармитаъминкунии пойтахт танҳо 20 дар сади буғ ва оби гарми истеҳсолшавандаро барои истифода қабул мекунаду бас.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки баҳри бартараф намудани ин камбудӣ ва роҳ надодан ба такрори мушкилоти зимистони гузашта чораҳои қатъӣ ва саривақтӣ андешида шаванд.

Роҳбарият ва аҳли заҳмати марказ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри кӯмаку дастгирии бевосита ва ҷудо намудани маблағҳои калон арзи сипосу миннатдорӣ карда, таъкид доштанд, ки марказ аз соли 1987 ин ҷониб чунин таъмиру таҷдиди ҷиддиро надида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмати Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар иҷрои саривақтии супоришҳо комёбӣ таманнно намуда, ба онҳо ҳамчунин баҳри ободу зебо кардани ҳудуди он ва муҳайё намудани шароити хуби корӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри вохӯрӣ бо намояндагони энергетикҳои кишвар ба бинои ШСХК Барқи Тоҷик ташриф овард.

Дар даромадгоҳи бино Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои обии Нораку Роғун, Қайроқум, Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дидан карда, сипас ба маркази идораю танзими таъминоти барқ ворид шуд ва бо тарзи кори он аз наздик шиносоӣ пайдо намуд. Зикр гардид, ки ҷараёни таъмину танзими нерӯи барқ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳамин марказ идора карда мешавад.

Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориш доданд, ки маҳдудияти барқтаъминкунӣ дар ҷумҳурӣ аз 18 май пурра бардошта шуда, имрӯз дар як шабонарӯз то 6 миллион киловат/соат нерӯи барқ ба Ҷумҳурии Узбекистон содир карда мешавад.

Вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори энергетикҳо, ки аз тамоми гӯшаю канори кишвар ҷамъ омада буданд, дар толори маҷлисгоҳи ШСХК Барқи Тоҷик баргузор гашт.

Дар ҷамъомад масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои марбута, раисони бонкҳои мамлакат, роҳбарони нерӯгоҳҳо, шабакаҳои барқии вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, идораҳои фурӯши барқу газ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ин соҳа, конҳои ангишт ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба мушкилоти глобалии сайёра дар таъминоти энергетикию озуқаворӣ ҷалб намуда, дар назди онҳо баҳри пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои бӯҳронӣ вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла зикр гардид, ки аз соли 2006 то 2010 талаботи аҳолии кураи замин ба маводи сӯхту энергетикӣ 50 дар сад афзоиш меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аҳолии ҷумҳурӣ аз соли 1990 то соли 2008 аз 5 миллион 361 ҳазор ба 7,5 миллион нафар расида, талаботу эҳтиёҷоти кишвар ба маводи сӯхту энергетикӣ ва озуқаворӣ рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, оид ба муайян намудани самтҳои асосии сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ кард ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷиддӣ дар соҳаи энергетика ва беҳтар намудани вазъият ба роҳбарият ва масъулину мутахассисони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Оид ба корҳои анҷомдодаи худ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Раиси ШСХК Барқи Тоҷик Шарифхон Самиев, Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсидинов, Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Нафту газу ангишт» Эмомиддин Аслов, Раиси Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика Мавҷуда Келдиёрова, Роҳбари маркази татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Санъат Раҳимов, Раиси ширкати «Помир-Энерҷи» Далер Ҷумаев ва дигар шахсони масъул ҳисобот доданд. Оид ба камбудиҳои ҷиддии дар ин соҳа ошкоргашта ҳамчунин ахбороти Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Шерхон Салимов шунида шуд.

Дар фароварди ҷамъомад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки баҳри тезондани бунёди нерӯгоҳҳои нав ва таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда, омода кардани лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои Шӯроб ва Санобод, афзун намудани истеҳсоли нерӯи барқ, газ ва ангишт, ду баробар зиёд кардани нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ва ангишт, насб кардани ҳисобкунакҳои барқию газӣ, кам кардани талафоти техникӣ ва тиҷоратии барқ ва гази табиӣ, пурзӯр намудани интизоми меҳнатии кормандони соҳа ва аз ҳозир омодагии ҷиддӣ дидан ба зимистони оянда чораҳои таъхирнопазир андешанд. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки ба бунёди нерӯгоҳҳои обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва Роғун суръат бахшида шавад. Таъкид гардид, ки ҳарчор агрегати нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 бояд то охири соли равон ба кор дароварда шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520