Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритус

01.06.2008 17:00, ноҳияи Шаҳритус

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳритус, ҷамъбасти натиҷаҳои семинари соҳаи кишоварзӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва муайяну мушаххас намудани вазифаҳои минбаъда ба ин ноҳия сафари корӣ анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба хоҷагии деҳқонии Баҳодур ташриф оварда, аз заминҳои сабзавоткории он дидан кард. Зимни боздид зикр гардид, ки аҳли хоҷагӣ анвои гуногуни сабзавот ва зироатҳои полезию лубиёгӣ кишт намуда, аз заминҳои обӣ то се ҳосил мерӯёнанд. Дар як қитъаи замин иттилоъ доданд, ки чормағзи заминӣ баъди ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ кишт карда шудааст ва баъди рӯёндани ҳосили он моҳи август дар ҳамин замин сабзӣ кошта мешавад. Деҳқонони хоҷагӣ аз ҳар гектари заминҳо то 60 сентнерӣ чормағзи заминӣ ва 400 сентнерӣ помидор ва пиёзи барвақтӣ рӯёнданианд. Дар ин заминҳо ҳамчунин ҳосили хуби карам, гулкарам, лаблабуи сурхи ошӣ, лӯбиё ва тарбӯзу харбӯза ба мушоҳида расид. Онҳо дар байни қаторҳои боғи навбунёди ниҳолҳои мевадиҳанда низ баҳри пурсамар истифода бурдани заминҳои обӣ зироатҳои гуногун кишт кардаанд, ки ҳосили фаровон доранд. Таъкид гардид, ки як дона лаблабуи сурхи ошӣ аз сари замин 20-дирамӣ ба фурӯш меравад. Дар бозор бошад, нархи донааш 50- 60 дирам аст.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар зардолубоғи 18-солаи хоҷагии деҳқонии Наҷибулло таваққуф намуда, бо деҳқони пиронсоли узбекзабон сӯҳбати самимӣ анҷом дод. Чунонки аён буд, шохаҳои зардолу аз серҳосилӣ сар ба замин овардаанд. Мӯйсафед аз ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба боғаш сарфароз гашта, ба ӯ дуои нек дод.

Зимни боздид аз ноҳияи Шаҳритус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок намуд. Мактаббачагони хушҳол Сарвари давлатро бо қироати шеърҳо ва Суруди миллии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти мактаб оғози расмӣ бахшид.

Зимни шиносоӣ бо он зикр гардид, ки мактаб бо 600 ҷойи нишаст барои хонандагони узбекзабон бо сафарбар кардани соҳибкорони маҳалӣ ва падару модарон дар муддати кӯтоҳ сохта шудааст. Ин муассисаи таълимӣ бо риояи талаботи муосири мактабсозӣ бунёд ёфта, дорои синфҳои махсускунондашудаи компютерӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз ҳозир барои таъмини шароити гармидиҳии мактаб дар фасли зимистон ва кабудизор кардани атрофи он чораандешӣ кунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии деҳқонии Исфараи ноҳияи Шаҳритус ташриф оварда, бо натиҷаҳои сабзавоткорӣ ва боғдории онҳо аз наздик шинос шуд. Дар ҷавоб ба суоли Сарвари давлат оид ба ҳаҷми маоши аъзои хоҷагӣ посух доданд, ки онҳо фоидаи худро асосан аз замин мегиранд, зеро ки ба ҳар як аъзо 20 садякӣ дода шудааст ва ҳосили рӯёндаашон илова ба моҳонаи пулии хоҷагӣ пурра ба ихтиёри худашон аст.

Натиҷаи ҳавасмандии аъзои хоҷагӣ аст, ки ҳамаи зироатҳояшон ҳосили хуб доранд. Онҳо аз ҳар гектари замини ғалла на камтар аз 35 сентнерӣ ҳосил рӯёнданианд.

Дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони идораҳои кишоварзию заминсозӣ, роҳбарони ҷамоатҳо ва хоҷагии тухмипарвар, ниҳолпарвар, зотпарвар ва ҷангалпарвар, корхонаҳои коркарди пахта ва дигар шахсони дахлдор, ки баҳри иштирок дар семинари соҳаи кишоварзӣ ба ин ноҳия омада буданд, машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат ҳамчунин масъулини сатҳи ҷумҳуриявии соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ба он алоқаманд иштирок доштанд.

Дар ҷамъомад нахуст ахбори раиси ноҳияи Шаҳритус Холмурод Раҳмонов шунида шуд. Таъкид рафт, ки айни ҳол дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳия 128 иншоот сохта ва тармиму таҷдид карда мешавад. Тибқи иттилои ӯ то оғози соли нави таҳсил 6 мактаби нав ҳар яке бо 200 то 600 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешавад.

Дар зарфи 1 солу 4 моҳи охир дар ноҳия 5 693 338 сомонӣ дар сохтмони муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сарф шудааст, ки аз танҳо 183 854 сомониаш маблағҳои буҷетӣ мебошанд. Боқимонда маблағҳо аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолии маҳаллӣ аст.

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти чормоҳаи хоҷагии халқи вилояти Хатлон раиси вилоят Ғайбулло Авзал гузориш дод. Зикр гардид, ки имсол бо назардошти зарурати бамиёномада нисбат ба соли гузашта 21 ҳазор гектар бештар ғалладона кишт карда шуд. То имрӯз аллакай 6 ҳазор гектар ғалла дар ноҳияҳои ҷануби вилоят дарав карда шуда, дар дигар ноҳияҳо омодагӣ ба ҷамъоварии ҳосил муташаккилона идома дорад.

Тибқи иттилои ӯ деҳқонони вилоят дар 60 ҳазор гектар заминҳои обӣ кишти такрорӣ гузаронда, дар фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худии кишоварзӣ саҳми намоён гузоштанианд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз истифода нашудани 5300 гектар заминҳои корами вилоят изҳори нигаронӣ карда, аз ҷумла дастур дод, ки дар заминҳои камоби водии Вахш боғҳои калони зардолу бунёд намоянд. Таъкид гардид, ки дар сурати парвариши хуби зардолу, ки ба иқлими қариб ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мутобиқ аст ва дуруст хушк кардану ба бозор баровардани меваи он иқтидори содиротии вилоят ва даромади он хеле афзун мегардад.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар заминҳои қаблан обёришудаи имрӯз беодаммонда бунёди деҳаҳои нав ба нақша гирифта шавад, то ки ба ин ҷоҳо оянда аҳолии деҳоти мавзеи зери обанбори нерӯгоҳи Роғун ва дигар деҳаҳои барои зиндагӣ хатарнок ихтиёран кӯчонда шаванд.

Зимни суханронии ҷамъбастӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми ноҳияи Шаҳритус баҳри натиҷаҳои ибратбахш дар бунёдкорию созандагӣ арзи сипосу миннатдорӣ карда, дигаронро ба пайравӣ ба ин иқдомҳои шоиста даъват намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин оид ба кишти такрории заминҳои обии озодшаванда, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ, захираи озуқаворӣ ва маводи сӯхт барои зимистон, зиёд намудани захира ва нуқтаҳои фурӯши ангишту гази моеъ, кушодани филиалҳои бонкҳои саҳомӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ғамхорӣ ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар корҳои муҳим вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520