Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷамъбасти семинари минтақавии роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кормандони соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон

01.06.2008 19:00, ноҳияи Шаҳритус

Дӯстони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Чанд сол мешавад, ки мо бо мақсади ободии Ватани азизамон ва фароҳам овардани шароити зарурии зиндагӣ барои мардуми кишварамон марҳалаи тозаи созандагиву бунёдкориро оғоз кардаем.

Дар доираи чорабиниҳои ин марҳала бо сарфи маблағҳои буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоиву истеҳсолиро дар саросари қаламрави кишвар вусъат дода истодаем.

Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки ба раванди созандагиву бунёдкорӣ тадриҷан аҳли ҷомеа, аз ҷумла гурӯҳҳои сарватманди аҳолӣ низ ҳамроҳ шуда, барои ободсозии деҳоту ноҳияҳои гуногун саҳмгузорӣ менамоянд.

Шумо – ҳозирини гиромӣ, намунаи вусъат ёфтани ин амалро дар ноҳияи Шаҳритус ва аз гузориши раиси ноҳия бевосита мушоҳида мекунед.

Воқеан, дар натиҷаи азми қатъии роҳбарону сокинони ноҳия ва ободонии диёрро ҳадафи аслии худ қарор додани онҳо симои Шаҳритус дар давоми як соли охир ба куллӣ тағйир ёфтааст, ки ин барои дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар намунаи ибрат мебошад.

Ва ҳадаф аз ҷамъомади имрӯзаи мову шумо дар ин ҷо асосан баҳрабардорӣ аз ин таҷрибаи созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ки бевосита бо ташаббус ва маблағҳои шахсии сокинони ноҳия сурат гирифтааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба тамоми сокинони бонангу номуси ноҳияи Шаҳритус барои дастгирии шоистаи иқдоми Ҳукумати мамлакат оид ба созандагиву бунёдкорӣ ва ба ҳамаи онҳое, ки дар корҳои сохтмон ва ободонии ноҳия саҳм гузоштаанд, арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.

Бо мақсади мусоидат ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус Ҳукумати Тоҷикистон дар қатори дигар ноҳияҳои вилоят ба хотири ҳаллу фасли масъалаву мушкилоти мавҷудаи он низ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Дар ин замина дар давоми чанд вақти охир аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шудаанд.

Ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар қаламрави ноҳия 5 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки аз маблағи умумии онҳо то имрӯз беш аз 2 миллион сомонӣ азхуд гардидааст.

Илова бар ин, дар доираи татбиқи Барномаи рушди низоми маблағгузории хурд ба соҳибкорони ноҳия дар ҳаҷми 3 миллион сомонӣ карзҳои хурд дода шудаанд.

Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки ҳамчунин дар ин муддат ба соҳибкорон аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд дар ҳаҷми 9 миллион сомонӣ қарзҳо пешниҳод гардидаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз ду маротиба зиёд мебошад.

Инчунин, дар қатори ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Қумсангир, Қубодиён, Восеъ ва Фархор дар қаламрави ноҳияи Шаҳритус низ татбиқи лоиҳаи барқарорсозии соҳаи пахтакорӣ идома дорад, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароит барои рушди устувори пахтакорӣ ва бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолии деҳот мебошад.

Дар асоси лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ, ки маблағи умумии он зиёда аз 57 миллион сомониро ташкил медиҳад, дар ноҳияи Шаҳритус низ як силсила корҳо ба субут расонида хоҳанд шуд.

Татбиқи лоиҳаи зикршуда дар ноҳия моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфт ва аз маблағи барои беҳбудии соҳаи тибби ноҳия пешбинигардида аллакай 20 фоизаш азхуд гардидааст.

Дар доираи барномаи мусоидат ба рушди соҳаи маориф ва барқарорсозии инфраструктураи иҷтимоӣ дар ноҳия татбиқи як лоиҳаи хурд, ки маблағи он 2 миллион сомонӣ мебошад, дар марҳалаи анҷомёбист ва ҳоло амалӣ кардани як лоиҳаи хурди дигар мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар асоси барномаи зикршуда дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 26-и ноҳия сохтмони 8 синфхона ба анҷом расида истодааст. Мувофиқи лоиҳаи дигар дар беморхонаи минтақавии воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти "Пахтаобод” сохтмони бинои табобатӣ, ки маблағи он аз як миллион сомонӣ иборат мебошад, дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар доираи лоиҳаҳои якум ва дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар соҳаи энергетикаи ноҳия 3 лоиҳаи хурд мавриди татбиқ қарор гирифтааст.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани лоиҳаҳои зикршуда, инчунин ташаббусҳои шахсии аҳолӣ дар ноҳия раванди созандагиву бунёдкорӣ суръату сифати тоза пайдо карда, инфраструктураи деҳот, ки беҳбудии вазъи иҷтимоӣ пеш аз ҳама ба сатҳи он вобаста аст, тадриҷан ба талаботи замон мувофиқ гардонида мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ дар соҳаи комплекси сохтмони асосии ноҳия беш аз як миллион сомонӣ азхуд гардида, як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Дар баробари ин, ҳоло бунёди як силсила иншооту биноҳои дигар идома дорад ва то Рӯзи ваҳдати миллӣ ба истифода додани беш аз 10 адади онҳо, ки маблағи сохтмонашон қариб 2 миллион сомониро ташкил медиҳад, дар назар аст.

Дар маҷмӯъ мувофиқи маълумоте, ки ман дорам, соли ҷорӣ дар ноҳия 47 иншооти таъиноти маишиву хизматрасонӣ ба маблағи умумии зиёда аз се миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

Баъди ба истифода додани онҳо беш аз як ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад.

Ва чунон ки маълум аст дар натиҷаи вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ мо на танҳо ободии диёрро таъмин карда метавонем, балки бо ҳамин роҳ сатҳ ва сифати зиндагии мардуми худро низ хеле баланд мебардорем.

Мо бо шумо – роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо чанде пеш дар ноҳияи Данғара вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлонро баррасӣ карда, вобаста ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат иҷрои як қатор вазифаҳои таъхирнопазирро ба миён гузошта будем.

Тавре аз мушоҳидаҳои имрӯза ва гузориши роҳбарони ноҳия бармеояд, заҳматкашони ин диёри бостониву ҳосилхез барои истифодаи оқилонаву самараноки заминҳои обӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ва афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ азму талоши зиёд доранд, ки аз он низ бояд ибрат гирифт.

Зеро дастовардҳои кишоварзони ноҳия солҳои охир хеле назаррас мебошанд. Ҳамасола таъмин гардидани нишондиҳандаҳои дурнамои истеҳсоли пахта, зиёд гаштани майдони кишти ғалла, картошка, боғу токзорҳо, рушди занбӯрпарварӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи ҳамин дастовардҳо мебошад.

Дар баробари ин, бо мақсади суръати тоза пайдо кардани рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия мехоҳам таваҷҷӯҳи роҳбарон ва фаъолони он, инчунин шумо - ҳозирини мӯҳтарамро ба масъалаҳое ҷалб намоям, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ вуҷуд доранд.

Пеш аз ҳама бояд зикр кард, ки иқлими ноҳияҳои ҷанубии кишвар барои рушди кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакориву сабзавоткорӣ, боғу токпарварӣ ва аз заминҳои обӣ дар як сол гирифтани ду-се ҳосил хеле мувофиқ аст.

Вале истифодаи ин имконияти худодод ҳоло дар ноҳияҳои Ҷалолуддини Румӣ, Ҷилликӯл, Панҷ, Қумсангир, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Дар шароити ноҳияҳои зикршуда, аз ҷумла Шаҳритус парвариши пахтаи маҳиннах, ки дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба он зиёд буда, арзишаш низ баланд мебошад, аҳамияти зарурӣ дода намешавад.

Дар ноҳия соли ҷорӣ ҳамагӣ дар майдони 77 гектар пахтаи навъи маҳиннах кишт шудааст, ки ин 4 фоизи нишондиҳандаи дурнаморо ташкил медиҳад.

Ҳамчунин майдони кишти пахта, ки соҳаи сердаромад буда, маблағгузории он имсол аз рӯи механизми нав ба роҳ монда шудааст, нисбат ба соли гузашта 400 гектар кам шудааст.

Ҳол он, ки дар маблағгузории он ягон монеаи ҷиддӣ вуҷуд надорад ва ба хоҷагиҳои пахтакории ноҳия то имрӯз тавассути бонкҳо ҳам аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва ҳам сармоягузорон ба андозаи зиёда аз 5 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Ҳамзамон дар ҳудуди ноҳия бинобар ташкили ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 3300 гектар замини корам, ки 3200 гектари он замини обӣ мебошад, боир гардида, дар давоми соли гузашта ва панҷ моҳи соли ҷорӣ 190 ҳодисаи вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шудааст.

Аз ин рӯ, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Шаҳритус зарур аст, ки дар хусуси мавриди истифода қарор додани ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷудаи соҳаи кишоварзӣ, бартараф намудани камбудиҳои зикршуда ва пешгирии қонуншиканиҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Бояд таъкид намуд, ки дар масъалаи истифодаи замин, тақсимоти он ва таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ дар дигар ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Вахш, Фархор, Қумсангир низ қонуншиканиҳо ба назар мерасанд.

Масалан, бо қарори Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ як қисми замини хоҷагии деҳқонии «Тақдир», ки зиёда аз 20 гектарро ташкил мекунад ва он барои пахтакорӣ пешбинӣ шуда, аз «Амонатбонк» бо гирифтани як қисми қарз ҳатто шудгор гардида буд, бе гузаронидани маҷлиси саҳмдорон гирифта, дар ин ҳудуд хоҷагии нави деҳқонӣ таъсис дода шудааст.

Танҳо баъд аз дахолати прокуратура Раиси ноҳия қарори худро бекор кардааст. Аз ин бармеояд, ки ҳангоми таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ на талаботи қонун, балки манфиати шахсони алоҳида бештар ба инобат гирифта мешавад.

Бо дарназардошти ин, ки дар қаламрави вилоят чунин қонуншиканиҳо афзуда истодаанд, Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи мазкурро моҳи июн дар ҷаласаи худ баррасӣ намуда, ба он баҳои сазовор хоҳад дод.

Вобаста ба пешгирии қонуншиканиҳо мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ҳоло ба масъалае ҷалб намоям, ки он на танҳо ба амнияти иқтисодии мамлакат, балки ба амнияти миллӣ низ таҳдид мекунад.

Солҳои охир ҳодисаҳои бо ҳамдастии шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби баъзе ашхос ба таври ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардан ва қочоқи шираи гиёҳи шифобахши камол афзудааст.

Ҳол он, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ягон шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ҷамъоварии он иҷозат надодааст.

Мувофиқи маълумоти Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор дар айни ҳол, ки мавсими ҷамъоварии он фаро расида истодааст, дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Данғара, Сарбанд, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Шаҳритус низ кӯшишҳои ҷамъоварии шираи ин гиёҳи нодиру пурарзиш ба мушоҳида мерасанд.

Бо мақсади роҳ надодан ба ҷамъоварии худсаронаи шираи камол чанд рӯз пештар ман ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии кишвар дар бораи ташкил кардани гурӯҳҳои корӣ супориши қатъӣ ирсол намудам.

Дар робита ба ин, аз шумо – роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тақозо мегардад, ки масъалаи мазкурро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, доир ба пешгирии ҳодисаҳои ҷамъоварии он ва ҳифзи табиат тадбирҳои муассир андешед.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Тавре ки таъкид намудам, дар ноҳияи Шаҳритус бо вуҷуди дастовардҳои созандагиву бунёдкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳанӯз як қатор камбудиву норасоиҳо мавҷуданд.

Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки доир ба ҳаллу фасли масъалаҳое, ки ҳоло ба таври мухтасар зикр мегарданд, чораҳои дахлдор андешида, онҳоро дар амал татбиқ намоянд:

1. Таъмин намудани иҷрои нақшаи андозҳо, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 3 намуди онҳо - андоз аз даромади шахсони воқеӣ, андози ягона аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва боҷи давлатӣ иҷро карда нашудаанд ва дар натиҷаи он ба буҷет 215 ҳазор сомонӣ ворид нагардидааст.

2. Кам кардан ва тадриҷан аз байн бурдани бақияпулиҳои андоз, ки ҳоло ҳаҷми умумии онҳо дар ноҳия беш аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад ва дар давоми чор моҳи гузаштаи соли ҷорӣ боз 400 ҳазор сомонӣ афзудааст.

3. То ҷорӣ гардидани маҳдудият дар интиқоли қувваи барқ дар се баст ташкил кардани фаъолияти 5 корхонаи саноатии воқеъ дар ҳудуди ноҳия, аз ҷумла ҷамъиятҳои саҳҳомии «Пахтаи Шаҳритус», «Равған» «Чашма» ва заводи нон, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ду адади онҳо умуман фаъолият надоштанд ва ба ғайр аз як корхона боқимондаашон истеҳсоли маҳсулотро кам карда буданд.

4. Аз байн бурдани қарзҳо аз пардохти ҳаққи қувваи барқи истифодашуда, ки то имрӯз дар ноҳия ҳаҷми умумии он ба 530 ҳазор сомонӣ расидааст.

5. Якҷоя бо Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ба эътидол овардани вазъи роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин воситаҳои техникии муассисаи роҳсозии ноҳия, ки аксарияташон корношоям гардидаанд.

6. Бунёд намудани биноҳо барои шӯъбаҳои маҳаллии почта, ки то ба ҳол аз 10 адад 8 адади онҳо дар хонаҳои шахсӣ ҷойгир карда шудаанд.

7. Ҳаллу фасл кардани масъалаи қарздории субъектҳои хоҷагидории ноҳия аз музди меҳнат, ки бо дарназардошти қарзҳои солҳои пешин дар айни ҳол беш аз 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

8. Якҷоя бо Вазорати маориф баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи хонандагони мактабҳои таҳсулоти умумӣ ва инчунин мактаб-интернати кӯдакони ятим, ки сатҳи дониши тарбиятгирандагони он хеле паст аст.

9. Пурра аз хонаҳои шахсӣ берун баровардани мактабҳо, ки ҳоло дар ноҳия ду адади онҳо дар чунин вазъият қарор доранд, инчунин таъмир кардани боми фарсудаи мактабҳо ва пурра ба давраи тирамоҳу зимистон омода сохтани онҳо, зеро дар мавсими тирамоҳу зимистони гузашта 14 мактаби ноҳия ба талабот ҷавобгӯ набуд.

10. Дар мӯҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони 5 мактаб, ки дар ҳолати нотамом қарор доранд ва таъмир кардани бинои 2 мактаб, ки ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

11. Аз байн бурдани норасоии ҷойи нишаст дар 18 мактаб, ки ҳоло ба бунёди синфхонаҳои иловагӣ эҳтиёҷманд мебошанд.

12. Якҷоя бо Вазорати маориф ҳаллу фасл кардани норасоии лавозимоти мактабӣ, зеро мактабҳои ноҳия ба беш аз 7800 мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ эҳтиёҷ доранд.

13. Бо мусоидати Вазорати маориф ва бо роҳи дуруст ташкил кардани хоҷагидорӣ дар омӯзишгоҳҳои касбию техникии воқеъ дар ҳудуди ноҳия, ки яке аз онҳо дорои 132 гектар замини таҷрибавӣ мебошад, тадриҷан таъмиру таҷдид намудани биноҳо ва ба эътидол овардани вазъи таъминоти моддиву техникии онҳо.

14. Якҷоя бо Вазорати тандурустӣ марҳала ба марҳала бо духтурони касбӣ, таҷҳизоти зарурии ташхисиву табобатӣ, нақлиёти санитарӣ таъмин кардан ва таъмиру азнавсозии иншооти тандурустии ноҳия.

15. Таҳти назорати қатъӣ гирифтани ҷараёни татбиқи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Илова ба вазифаҳои дар боло зикршуда зарур аст, ки корҳои зерин низ ҳамеша дар мадди назари роҳбарону масъулони ҳамаи зинаҳо қарор дошта бошанд:

- ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки суръати дарави гандумзорро тезонида, кишти такрориро дар заминҳои обӣ сари вақт таъмин намоянд.

- роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки доир ба захира кардани маҳсулоти озуқаворӣ ва омодагӣ ба зимистон, пеш аз ҳама ба зимистон тайёр кардани иншооти таъиноти иҷтимоӣ, инчунин захираи хӯроки чорво тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодаашон ҳар моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президент гузориш диҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки чунин масъалаву мушкилот ва камбудиву норасоиҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ мавҷуданд.

Аз ин рӯ, шумо – роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадор ҳастед, ки дар фаъолияти рӯзмарраи худ ҳаллу фасли онҳоро ҳамеша дар мадди назар дошта бошед.

Дар охир мехоҳам изҳори боварӣ намоям, ки тамоми сокинони бонангу номуси ноҳияи Шаҳритус минбаъд низ ба хотири ободии сарзамини аҷдодии худ бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ заҳмат кашида, барои ба яке аз ноҳияҳои намунавии кишвар табдил додани ноҳияи хеш бо нерӯи тоза азму талош хоҳанд кард.

Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо саломатӣ ва барори кор мехоҳам.

Саломат бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520