Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод

30.05.2008 15:00, ноҳияи Файзобод

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ ва боздид аз ҷараёни корҳо дар сохтмони Нерӯгоҳи обии Роғун ба ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дод.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз даромадгоҳи ноҳияи Файзобод ағоз ёфт.

Роҳбарият ва намоянадагони аҳли ҷамоатчигии ноҳия ташрифи роҳбари давлатро чун фоли нек дар роҳи пешрафти ободии диёри худ пазируфта, ӯро бо эҳтирому самимияти зиёд истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ин ҷо ба боғи намунавии навбунёди Бӯстон ташриф оварда, бо деҳқонону боғдорон сӯҳбатҳои озоду ошкоро анҷом дод. Зикр гардид, ки дар 21 гектар боғ ниҳолҳои мевагии себ, нок, хурмо ва гелосу шафтолу парвариш меёбанд. Барои истифодаи пурсамари замин дар байни қаторҳои навниҳолҳо гандуми тирамоҳӣ кишт шудааст, ки ҳосили фаровон дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа баҳри дастгирии боғдорон, васеъ намудани майдонҳои боғутокзор ва муҳайё намудани шароити коркарду фурӯши он дастуру ҳидоятҳо дод.

Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти саҳомии «Мурғи ҳилол» ташриф овард. Зимни шиносоии Президенти мамлакат бо корхонаи дони омехтаи ин муассисаи парандапарварӣ ба ӯ иттилоъ доданд, ки корхона аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсолот дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи дуюм аст ва дар сурати бо иқтидори пуррааш кор кардан метавонад тамоми муассисаҳои парандапарварии ҷумҳуриро бо хӯроки омехтаи серғизо таъмин намояд. Корхона дар ҳашт соати кориаш метавонад 200 тонна хӯроки омехта омода кунад, хӯроки якшаборӯзии имрӯзаи муассисаи «Мурғи Ҳилол»-ро дар як соат омода мекунад.

Зимни боздид зикр гардид, ки ин коргоҳи азими дар даврони Шӯравӣ бунёдёфта баъди фаъолияти пурсамари 21 - сола соли 1992 аз кор бозмонда, давоми чанд соли оянда харобу валангор гашта буд. Чунонки маълум шуд, барқарорсозии ин фабрикаи азими парандапарварӣ, ки иборат аз 32 мурғхона аст, танҳо соли 2006 баъди супориши қатъии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ оғоз ёфтааст.

Моҳи октябри соли 2007 аллакай 4 мурғхонаи он барқарор ва бо техникаю таҷҳизоти ҳозиразамони эронӣ муҷаҳҳаз карда шуд.

Тибқи иттилои раиси Ҷамъияти саҳоммии «Мурғи Ҳилол» Маҳмадалӣ Одинаев 4 мурғхона бо 93600 мурғи тухмдеҳ пурмаҳсул фаъолият доранд ва 3 мурғхонаи дигар барои қабули қариб 90 ҳазор мурғ омодаи кор аст.

Чунонки маълум шуд, мурғхонаҳо тамоми шароити нигоҳубин, аз ҷумла таҷҳизоти механикии хӯрокдиҳӣ, тухмҷамъкунӣ, шабакаи мустақили барқугармидиҳӣ ва салқинкуниро доро мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли заҳмати корхонаи мурғпарварӣ аз наздик сӯҳбат намуда, аз шароити корӣ ва аҳволи рӯзгорашон пурсон шуд.

Зикр гардид, ки 200 коргари он мувофиқ ба дараҷаи тахассусу кордонӣ ва ҳаҷми корашон аз 350 то 1500 сомонӣ маоши моҳона мегиранд.

Роҳбарияти муассиса нақша дорад, ки то соли 2012 ҳамаи 32 мурғхонаро барқарор намуда, шумораи мурғи тухмдиҳандаро ба 1 миллиону 200 ҳазор сар расонад. Ҷой додани ин шумораи зиёд танҳо тавассути технологияи муосири нигоҳубин муяссар гаштааст, зеро ки дар даврони Шӯравӣ бо ҳама қудрату тавониаш ин муассиса ҳеҷ гоҳ аз 150 ҳазор сар мурғ зиёд надошт ва дар як рӯз ягон вақт аз 33 ҳазор дона тухм зиёд надода буд. Ҳозир бошад муассиса аз 93600 сар мурғ ҳар рӯз то 85 ҳазор дона тухм ба фурӯш мебарорад. Таъкид гардид, ки то охири ҳамин сол саршумори мурғ ба 200 ҳазор сар мерасад ва давоми сол 45 миллион дона тухм ба фурӯш бароварда мешавад.

Чунонки аз иттилои масъули бахши парандапарварии Вазорати кишоварзии мамлакат Шокир Назаров маълум шуд, имрӯз дар тамоми ҷумҳурӣ баҳри барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи ин бахш корҳо вусъати тоза пайдо намудаанд.

Баъди аз нав ба кор даромадани ҳамаи 18 муассисаи калони парандапарварии ҷумҳурӣ баъди ду сол Тоҷикистон дигар тухм ва гӯшти парандаро аз хориҷа ворид нахоҳад кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти даромаднокии соҳа ва пешгирӣ аз забҳи чорво супориш дод, ки баҳри барқарор намудани тамоми муассисаҳои парандапарварӣ ва зиёд кардани истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки лоиҳаи як фабрикаи азими парандапарварӣ омода карда шавад, то ки бо фаъол намудани он дар вилояти Хатлон тавонем талаботи бисёр ноҳияҳои он ва вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро қонеъ гардонем. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки парвариши мурғи марҷон низ ба роҳ монда шавад.

Хотиррасон бояд кард, ки соҳибкорони ноҳияи Файзобод сохтмони як корхонаи ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯхти либосро дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд низ бар ӯҳда доранд ва рафти сохтмони онро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста назорат мекунад. Онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қавл доданд, ки сохтмони корхонаро бо иқтидори солонаи коркарди 3000 тонна нахи пахта то моҳи ноябри соли 2009 пурра ба анҷом мерасонанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Файзобод дидан карда, таваҷҷӯҳи махсус ба бахши чорводорӣ зоҳир намуд ва ба масъулину мутахассисони соҳа баҳри васеъ ҷорӣ намудани бордоркунии сунъӣ, афзун намудани саршумор ва нигоҳ доштани чорвои наслдиҳанда супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла супориш дода шуд, ки саршумори гӯсфанди зоти ҳисорӣ, говҳои сермаҳсули сиёҳало ва швитсу зебу ва аспҳои зоти тоҷикӣ афзун карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз як замини гандуми лалмӣ ва масъари хоҷагии деҳқонии Осоиш дидан карда, аз ҳосили фаровони гандуми он изҳори хушнудӣ намуд ва ба масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ баҳри харидорӣ ва захираи тухмии хушсифати ғалла ва минбаъд таъмин намудани ғаллакорон бо тухмии навъҳои серҳосил супоришҳои мушаххас дод.

Сарвари хоҷагӣ Сафар Маҳмадов иттилоъ дод, ки соли гузашта то 25 сентнерӣ гандум аз замини лалмӣ гирифта буд ва имсол аз навъи «Ноз» 30 сентнерӣ ҳосил гирифтанӣ аст.

Зимни боздид аз замини масъар, ки зироати равғандеҳ ва хӯроки чорво аст, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки баҳри гирифтани равғани хуб ва зиёд офтобпараст ҳам кишт кунанд, зеро ба гуфти ӯ равғаннокии он 50 фоиз аст, аз масъар бошад 30 фоиз.

Деҳқонони ғаллакор таъкид доштанд, ки баҳри иҷрои муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми заминҳои обии озодшаванда кишти такрориро ба роҳ монда, дар таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми худро мегузоранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди бинои Кохи Ҷавонони ноҳия нимпайкараи Абӯабдуллои Рӯдакиро кушода, мардуми Файзободро зимни суханронии пурмӯҳтаво бо арафаи ҷашни 1150 солагии султони шоирони Аҷам ва соли забони тоҷикӣ табрику таҳният гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз Кохи Ҷавонон дидан карда, аз сифати таъмиру таҷҳизи он изҳори қаноатмандӣ кард.

Дар боғи Ғалабаи ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон оид ба баррасии натиҷаҳои истеҳсолӣ аз аввали соли равон ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда машварати корӣ доир карда, камбудиҳои зиёдро дар рушду нумӯи иҷтимоию иқтисодӣ ошкор намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардум мужда расонд, ки баҳри сохтмони дармонгоҳи ноҳия, таъмини пурраи ноҳия бо оби нӯшокӣ ва барои корҳои ободонӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ҷудо мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ ва роҳбарияту фаъолони ноҳия баҳри азхудкунии заминҳои нав, ҷамъоварии ҳосили рӯёндашуда, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, ба нақша гирифтани сохтмони корхонаи коркарди саноатии меваю сабзавот ва аз ҳозир ба зимистони оянда омодагӣ дидан дастуру ҳидоятҳо дод.

Зимни машварат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба суолҳои сершумори сокинони ноҳия посух дода, собит намуд, ки ҳеҷ яке аз мушкилоти мардуми кишвар аз мадди назари роҳбари давлат дур нест.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520