Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Роғун

30.05.2008 19:00, шаҳри Роғун

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи обии барқии Роғун ба шаҳри Роғун ва ба қитъаҳои сохтмонӣ ташриф овард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳони ӯ дар яке аз мавзеъҳои баландӣ таваққуф карда, рафти сохтмонро мушоҳида намуданд ва аён гашт, ки дар поён аз ду соҳили дарёи пуртуғёни Вахш корҳои сохтмону васлгарӣ ва барқарорсозии иншооти пештар зарардида бо ҷӯшу хурӯш ҷараён доранд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз даруни тунелҳои нақлиётӣ гузашта, бо ҷараёни корҳои сохтмону барқарорсозӣ дар иншооти зеризаминӣ шинос шуд. Чунонки маълум шуд, корҳо дар ин ва ҳамаи дигар қитъаҳо босуръат ва низоми хуб ба роҳ монда шудаанд.

Зимни боздид аз қитъаҳои гуногун ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои кормандону мутахассисон баҳри фаъолияти пурсамари шабонарӯзиашон тамоми шароити зарурӣ муҳайё гаштааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи навбунёди себҳои серҳосил ва хушлаззати шаҳраки назди Нерӯгоҳи обии Роғун дидан карда, баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, кабудизоркунии муҳити кору зиндагӣ ва ғамхорӣ зоҳир намудан ба аҳли заҳмат дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар майдончаи шаҳраки энергетикҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо бештар аз 1000 нафар коргарони ин иншоот ва фаъолони шаҳри Роғун машварати корӣ доир намуд.

Зимни суханронии пурмӯҳтаво Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоду боварии комил таъкид дошт, ки Тоҷикистон имрӯз омодааст бо истифода аз имкону захираҳои дохилӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ сохтмони нерӯгоҳи обии барқии Роғунро идома дода, навбати аввали онро дар мӯҳлати 4-4,5 соли оянда ба поён расонад.

Боварию эътимоди қавии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин собиқ роҳбари сохтмони нерӯгоҳи Роғун Николай Савченков тасдиқ намуд.
Хотиррасон бояд кард, ки нерӯгоҳи Норак таҳти роҳбарии ҳамин энергетики машҳури Тоҷикистон сохта шудааст ва тамоми корҳои сохтмонии нерӯгоҳи Роғун дар даврони то пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ зери сарварии ӯ анҷом ёфтаанд.

Роҳбарону масъулони соҳаи энергетикаи кишвар ва тамоми сохтмончиёни сатҳу зинаҳои гуногун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонданд, ки аз ӯҳдаи ин кори пурмасъулият бо сарбаландӣ мебароянд.

Мавриди зикр аст, ки айни ҳол баҳри рост ва аз туннелҳо дур намудани маҷрои дарёи Вахш, фаъолгардонии хоҷагии сангу шағалтайёркунӣ, барқарорсозии корхонаи бетонӣ, истгоҳи компрессорӣ ва қубурҳои оби техникӣ корҳо идома доранд.

Баҳри омода кардани иншооти инфрасохторӣ баъзе корҳо аллакай анҷом ёфтаанд, аз ҷумла тахминан барои 1000 нафар коргар хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳрчаи вахтавӣ бо ҳамаи шароитҳо муҳайё ва идораю базаҳои истеҳсолии бисёр ташкилотҳое, ки иншоотҳои асосиро месозанд, таъмир ва барқарор карда шудаанд.

Ҳоло дар сохтмони НБО-и Роғун 17 ташкилоти сохтмонӣ фаъолият доранд, ки шумораи умумии коргаронашон беш аз 900 нафар мебошад. Техникаи имрӯз ба ин иншоот сафарбаршуда беш 300 ададро ташкил медиҳад. Барои вусъат додани ҳамаи корҳо дар нерӯгоҳ танҳо ҳамин сол 241 адад техникаи нави ҳозиразамон харидорӣ шудааст, ки аз он 100 - тоаш мошинҳои пуриқтидори боркаши БелАз аст. Ҳамчунин 40 адад мошинҳои боркаши МАЗ, 20 мошини бетономезии МАЗ, 10 – тогӣ булдозер, экскаватор ва автокрани пуриқтидор, 10 мошини махсуси корҳои даруни тунел, 6 насоси обкаш, 3 компрессор ва бисёр техникаю таҷҳизоти махсуси нав омодаи кор мебошанд. 80 адади техникаи нав имрӯз дар ин иншоот пурсамар кор мекунанд.

Баҳри ҳамаи техникаи нави харидоришуда барои ду соли оянда маводи сӯхту молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ захира шудааст. Ширкату корхонаҳои хориҷии БелАз, МАЗ, Катерпилер ва Ҳундай, ки техникаю таҷҳизоташон дар нерӯгоҳи Роғун истифода мешаванд, баҳри таъмини кори бенуқсони мошинҳояшон дар Тоҷикистон намояндагии худро кушодаанд ва бо масъулону мутахассисони мо ҳамкории зич доранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520