Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати иди саиди Фитр

29.09.2008 07:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони гиромӣ!

Рӯзи якуми октябр иди Сайиди Фитр, ки мардум онро ҳар сол бо эътиқод, ихлос ва орзуву омоли нек пешвоз мегирад, фаро мерасад.

Иди Сайиди Фитр ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Ин нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таърих ва фарҳанги мардуми худ ва ҳамзамон арҷгузорӣ ба дини мубини ислом ва арзишҳои волои умумибашарии он мебошад.

Рӯза дар поксозӣ ва парвариши бадани инсон нақши закотро дар мол анҷом медиҳад. Паёмбари гиромӣ, ки худ нӯҳ сол рӯзаи моҳи мубораки Рамазонро гирифта буд, фармудааст: «Ҳар чизе закоте дорад ва закоти бадан рӯза аст».

Фармудаҳои шариат дар мавриди рӯзадорӣ - ин рукни муҳими бинои мусулмонӣ гувоҳи онанд, ки таълимоти ислом саршори ғояҳои эҳсону накӯкорист: ҳусни муошират бо аҳли хонадон, улфату муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморону нотавонон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону бечорагон, ёди хайр аз гузаштагон.

Одоби исломӣ ҷавонмардиву олиҳимматӣ, гузашт кардан ва бахшидан аст, интиқом наҷустан аст, кинаву адоват ва хусумат надоштан аст, бурдборӣ ва мудорост, чеҳраи хандон ва оғӯши кушод, сипосгузорӣ ва қадрдонӣ, азхудгузаштагӣ, аз манфиати худ боло гузоштани манфиатҳои ҷомеа ва миллату давлат, раҳоӣ аз банди ҳавову ҳавасҳост. Ислом покиву парҳезгорӣ аст, илму адаб ва панду насиҳат аст.

Хутбаву мавъизаҳои ходимони дин дар масҷидҳо, сӯҳбатҳои уламои ислом бо мардуми рӯзадор дар сӣ шаби ифтор зимни тафсири оятҳои карима, шарҳи ҳадисҳои набавӣ, нақли ривоятҳо аз рӯзгори родмардони илму фарҳанг ва бузургони дин сӣ дарси одобу ахлоқ, худшиносиву худошиносӣ буданд.

Масҷидҳоро хонаи Худо меноманд; мардум ба ин макони муқаддас ба хотири ибодати Парвардигор ва бардошти ғизои маънавӣ меоянд. Вале ин ғизои рӯҳиву маънавӣ низ ба монанди рӯзие, ки аз роҳи касби ҳалол ҳосил мешавад, бояд ҳалолу покиза бошад, то ақлҳоро равшану нуронӣ гардонад, дилҳоро сафову ҷило бахшад. Масҷид бояд ба минбари таблиғи ақидаву андешаҳои ифротӣ ва тундравона, манбаи таассубу хурофот, ихтилофу парокандагӣ байни мардум табдил дода нашавад, балки пайвандгару муттаҳидсози ҳамаи сокинони кишвар, сарфи назар аз миллату мазҳаб ва эътиқоду андешаи онҳо бошад; ба таъбири мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ, вазифаи он «васл кардан» бошад, на «фасл кардан».

Чунонки маълум аст, аксарияти мутлақи мусулмонони кишвар пайрави нахустин мактаби ҳуқуқӣ - фиқҳӣ, паҳнгаштатарин мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат – мазҳаби ҳанафӣ мебошанд. Мазҳаби ҳанафӣ дар таърихи тамаддун ва фарҳанги мардуми кишвари мо, дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии он нақши махсус дорад. Сабаби асосии густариш ва интишори васеъи таълимоти Абӯҳанифа ва дигар имомони мазҳаби мазкур ин аст, ки он бо ҳаёти ҷомеа ва зиндагии мардум, урфу одат ва равобити иҷтимоии он созгору ҳамқадам буда, онҳо дар ҳалли бисёр масоили ҳаётан муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ урфи мардумро асли шаръӣ қарор медоданд. Мазҳаби ҳанафӣ бар пояҳои устувору матини усулӣ ва дар ғояти эътидол қарор дошта, комилан ҷавобгӯи талаботу ниёзҳои моддиву маънавии башарӣ мебошад.

Пешвои мазҳаб Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки бо лақаби Имоми Аъзам шуҳраи офоқ гаштааст, бунёдгузори илми фиқҳ буд. Ҳамаи имомони дигар мазҳабҳо ба пешвои дин будани Имоми Аъзам қоиланд ва фазлу мартабаи ӯро эътироф кардаанд.

Чунончи, яке аз пешвоёни мазҳаб -- имом Шофеӣ гуфтааст: «Ҳар касе бихоҳад фиқҳро биёмӯзад, бояд ба Абӯҳанифа ва ёронаш муроҷиат кунад, зеро ҳамагон ба фиқҳи ӯ ниёз доранд».

Имрӯз низ гиромидошти мазҳаби ҳанафӣ ва арҷгузорӣ ба он гиромидошт ва арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва умумибашарӣ аст. Зеро аз як сӯ, аксарияти мардуми мусулмони кишвари мо аз оғози мушарраф гаштан ба дини мубини ислом ниёзҳои эътиқодии худро маҳз аз дидгоҳи ҳамин мазҳаб қонеъ мегардонанд, аз сӯи дигар, мазҳаби ҳанафӣ дар тӯли таърихи 1300-солаи худ дар саросари рубъи маскун дар байни миллату халқҳои гуногун густариш ва интишор ёфт. Алҳол аксари мусулмонони суннимазҳаби Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Покистон, Индонезия, Бангладеш, Ироқ, Сурия, Миср, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ғайра дар ҳалли масоили шаръӣ аз рӯи фармудаҳои фиқҳи ҳанафӣ амал мекунанд.

Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки мазҳаби Имоми Аъзам дар воқеъ ҳам чароғи тобону дурахшон ва роҳнамои мусулмонон дар саросари ҷаҳон мебошад.

Аз ин рӯ, барои арҷгузории фарзанди фарзонаи миллат, олим ва мутафаккир, шахсияти бузурги фарҳангию динӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардид.

Моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мусулмононро бо фарорасии иди сайиди Фитр аз самими қалб муборакбод менамоям. Ба ҳамаи шумо имони комил, хушбахтиву некрӯзӣ, барору комёбиҳо дар роҳи худшиносиву худошиносӣ, дар кору зиндагӣ, дили шоду хонаи обод, бахту иқболи баланд, ваҳдату якпорчагӣ ва тинҷиву оромӣ орзумандам.

Иди сайиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520