Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев

28.11.2023 18:30, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев  28.11.2023

Имрӯз дар Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев мулоқот анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат меҳмони олиқадрро ба муносибати таъйин шудан ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ табрик намуданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки муносибатҳои мо бо Туркманистон дар сатҳи баланди эътимод ва ҳусни тафоҳум ҷараён мегиранд.

«Натиҷаҳои судманди сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Гурбангулиевич Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон, ки моҳи майи соли равон анҷом дода шуд, тасдиқи ин гуфтаҳо мебошанд», - иброз доштанд Пешвои миллат.

Дар ин замина Пешвои миллат ҳамчунин таъкид намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои тавофуқоти бадастомада зимни сафари Президенти Туркманистон нақшаи чорабиниҳои фарогирро қабул намудааст.

Сарвари давлат изҳори умед намуданд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба пешрафти тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон мусоидат хоҳад намуд.

Бояд гуфт, ки ҷаласаи навбатии Комиссия дар ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520