Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

01.12.2023 11:40

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич,

Хабари сӯхтор дар яке аз хобгоҳҳои Алматоро, ки боиси талафоти инсонӣ гардид, бо андуҳи амиқ дарёфтем.

Бо изҳори ғамшарикӣ ба Шумо ва тамоми наздикону пайвандони қурбониён таъзияву ҳамдардӣ баён намуда, ба ҳамаи маҷруҳон шифои оҷил хоҳонем».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520