Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок ва суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ

02.12.2023 14:20, Аморати Муттаҳидаи Араб
Иштирок ва суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ 02.12.2023

2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-28) дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҳамоиш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, сарони як қатор кишварҳо ва роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки кишварҳои мо имсол дар остонаи баррасии ҳамаҷонибаи татбиқи Барномаи амали Вена барои даҳсолаи 2014-2024 барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ қарор доранд. Бинобар ин соли равон барои мо марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Изҳори умед карда шуд, ки бозбинии ҳамаҷониба зимни Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид (2024) барои ҳалли эҳтиёҷоти кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ҷалби кумакҳои байналмилалӣ имкони муносиб фароҳам хоҳад овард.

Дар робита ба ин, истифодаи мақсадноки иқтидори транзитии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ барои дастрасии зудтар ба ҳадафҳои рушди устувор зарур шумурда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо ба ӯҳдадориҳои худ дар ростои муқаррарот ва тавсияҳои Барномаи амали Вена барои таҳкими пайванди он ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, инчунин мусоидат ба густариши тиҷорати зерминтақавӣ ва минтақавӣ мувофиқем.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат оид ба иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ҷонибдории кишвар аз татбиқи усулҳои “иқтисоди сабз”, қабули “Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ва дигар тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

Сарвари давлат даъват карданд, ки барои зиёд кардани ҳиссаи энергияи таҷдидшаванда дар давлатҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ сармоягузории кишварҳои мутараққӣ бештар карда шавад.

Ҳамчунин, зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назари худро оид ба афзоиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим, равандҳои биёбоншавӣ, хушксолӣ, таназзули замин ва шиддат гирифтани дигар офатҳои муҳитзистӣ иброз намуда, барои пешгирӣ аз ин падидаҳо роҳандозии иқдомоти муштаракро амри муҳим шумурданд.

Бояд гуфт, ки масоили марбут ба об, хосатан дар кишварҳои осебпазир, аз ҷумла кишварҳои маҳсур дар хушкӣ аҳамияти бештар доранд.

Тоҷикистон ташаббускори қатъномаҳои обии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аст ва дар ин масъала бо тамоми шарикони байналмилалӣ ҳамкориҳои босамар дорад. Қатънома дар хусуси эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки ҳоло дар раванди татбиқ қарор дорад, аз ҷумлаи ин ташаббусҳост.   

Таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафҳои ин Даҳсола, инчунин, Рӯзномаи амалиёти об, ки дар натиҷаи Конфронси оби таърихии Созмони Милал моҳи марти соли равон қабул гардид, ба иҷрои саривақтии Ҳадафи 6-уми рушди устувор дар кишварҳои маҳсур дар хушкӣ мусоидат хоҳад кард.

Тағйирёбии иқлим яке аз таҳдидҳои ташвишовари замони муосир мебошад. Таъсири пайомадҳои манфии ин раванд барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Аз ин ру, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз аҳаммияти қатъномаи дахлдори Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ёдовар шуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи Гурӯҳи навтаъсиси “Дӯстони пиряхҳо” ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд дар амри амалӣ намудани муқаррароти қатъномаи мазкур иброз доштанд.

“Тоҷикистон итминон дорад, ки ин иқдом барои андешидани тадбирҳои дастаҷамъонаи амалӣ ва ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат такони ҷиддӣ хоҳад бахшид”, иброз доштанд Сарвари давлат ва бо истифода аз фурсат, аз иштирокчиёни чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ даъват намуданд, ки дар чорабиниҳои Раванди оби Душанбе дар соли оянда фаъолона иштирок намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520