Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон

14.12.2023 16:07, шаҳри Бохтар
Ифтитоҳи Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон 14.12.2023

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти нав дорои ҳуҷраҳои кории кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, синфхонаҳо барои омӯзиш, толори маҷлис, ҷойи хоб, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ мебошад.

Бинои нав дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористӣ аз инфрасохтори муосири соҳавӣ иборат буда, дар он барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат шароити мусоиди фаъолият муҳайё шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористӣ шинос шуда, аз сифати корҳои анҷомёфта ва фароҳам овардани шароити муносиби корӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро барои хизмати софдилона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳидоят карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520