Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ёвон

01.05.2008 16:00, ноҳияи Ёвон

Ҳозирини мӯҳтарам!
Дӯстони азиз!

Хеле хушҳолам, ки имрӯз баъди хеле муддат бори дигар ба дидори якдигар расида, бо ҳам мулоқот мекунем.

Ҳадафи сафари имрӯзаи мо ба ноҳияи Ёвон аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳо дар хоҷагиҳо, аз ҷумла хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатӣ, шиносоӣ бо раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин бартараф кардани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва муайян кардани мақсаду вазифаҳо барои оянда мебошад.

Зеро ноҳияи Ёвон яке аз марказҳои муҳими саноативу кишоварзии Тоҷикистон буда, саҳми кормандони корхонаҳо ва кишоварзони ноҳия дар таъмини нақшаҳои дурнамои пешрафти давлат ва фаровонии дастархони мардуми кишвар хеле назаррас аст.

Имрӯз аз субҳ мо аз як силсила корхонаву иншооти истеҳсолии ноҳия, аз ҷумла маркази барқу гармидиҳӣ боздид карда, расман эълон намудем, ки ҳоло имкон дорем тавлиди барқу гармиро натанҳо ба воситаи об, балки бо истифодаи технологияи коркарди ангишт низ ба роҳ монем.

Ин вазифа аз ҷониби Роҳбари давлат ҳам дар ҷаласаи ҷамъбасти соли 2007 ва ҳам дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар назди роҳбарону масъулони соҳа гузошта шуда буд ва тавре ки мебинем, он тадриҷан ҳаллу фасл шуда истодааст.

Чунки вазъи имрӯзаи ҷаҳон, хусусан болоравии мунтазами нархи маҳсулоти нафтӣ ва маводи озуқа моро ҳушдор медиҳад ва водор месозад, ки аз тамоми имкону воситаҳо истифода бурда, амнияти озуқавории мамлакатро таъмин намоем. Чунон ки борҳо таъкид карда будам ва дар Паёми имсола низ гуфтам, сарзамини мо яке аз марказҳои қадимтарини заминдории олам ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, ҳар кадоми мо вазифадорем, ки бо меҳнати софдилонаву содиқона оилаи худ, аҳолии ноҳияи худ ва дар маҷмӯъ кишвари худро таъмин намоем.

Тоҷикистон мамлакати аграрӣ буда, соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини он ба ҳисоб меравад. Истифодаи самараноку оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, аз заминҳои обӣ рӯёнидани ду ҳосил ва умуман тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ имконият фароҳам меоварад, ки амнияти озуқавории мамлакат таъмин гардад.

Воқеан, дар кишвари мо ҳамаи шароити зарурӣ, аз ҷумла замин, об ва иқлими мусоид мавҷуд аст.

Ман ба шумо ошкоро мегӯям, ки мо бояд ба умеди дигарон ва ёрии башардӯстона набошем. Ва тавре шумо огоҳ ҳастед, дар ибтидои соли равон ман дар муроҷиати худ ба мардуми кишвар хотирнишон карда будам, ки ҳар касе бо замин сару кор дорад, бояд ҳар як ваҷаб заминро оқилона ва самаранок истифода намояд.

Дар шароите, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ нархи маводи ғизоӣ, бахусус орду гандум дар ду соли охир зиёда аз 120 фоиз баланд гардидааст, вазифаи ҷонии кишоварзон пеш аз ҳама истифодаи самараноки замини кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ мебошад.

Ҳарчанд ки дар семоҳаи аввали соли 2008 хоҷагидорони ноҳия дар майдони 6200 гектар, аз ҷумла ғалладона - 2850 гектар, зироатҳои техникӣ - 2600 гектар, пахта -2400 гектар, картошка - 29 гектар, сабзавот 180 гектар, зироатҳои хӯроки чорво 440 гектар кишт кардаанд, вале дар баробари ин, дар фаъолияти корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия як қатор камбудиҳо ҷой доранд, аз ҷумла:

- зироатҳои полезӣ нисбат ба семоҳаи аввали соли 2007 ягон гектар кишт нашудааст;

- қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар назди идораҳои обрасонӣ 2 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ то имрӯз танҳо 25 ҳазор сомонӣ пардохт шудаасту халос, инчунин тоза ва ба кор омода кардани шабакаҳои обдиҳӣ 80 фоизро ташкил медиҳад;

- барои соҳаи пахтакорӣ ба маблағи қариб 18 миллион сомонӣ шартнома баста шуда, танҳо 10 миллион сомонӣ пардохт гардидааст, ки ин нишондиҳанда моро қонеъ карда наметавонад;

- 270 хоҷагиҳои деҳқонӣ суратҳисоби бонкӣ ва 50 хоҷагиҳои деҳқонӣ сертификат надоранд.

Аз ин рӯ, ба Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи кишоварзӣ, Вазири кишоварзӣ, раисони вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон супориш дода мешавад, ки барои бартараф намудани камбудиҳои зикршуда тамоми имкониятҳоро истифода бурда, инчунин дар масъалаи кишти зироатҳои такрорӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Таҳлили вазъи семоҳаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия нишон медиҳад, ки иҷрои нақшаи 3 намуди андоз, аз ҷумла андоз аз даромади шахсони воқеӣ (54 фоиз), андози ягона аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (80 фоиз) ва андоз аз дигар пардохтҳои ҳатмӣ (82 фоиз) таъмин нашудааст, ки сабаби асосии иҷро нагаштани ин намуди андозҳо ҳолати вазнини молиявии хоҷагиҳои пахтакор, дар мӯҳлати муайяншуда пардохт нагардидани онҳо ва пурра фаъолият накардани корхонаҳои саноативу сохтмонӣ мебошад.

Бо вуҷуди барзиёд иҷро гардидани қисми даромади буҷет дар ноҳия бақияпулиҳо аз ҳисоби андоз сол аз сол зиёд шуда истодааст.

То 1 апрели соли 2008 бақияпулии андозҳои маҳаллӣ 7 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 560 ҳазор сомонӣ афзудааст. Инчунин бақияпулии андозҳои иҷтимоӣ ба маблағи қариб 5 миллион сомонӣ пардохт нашудааст, ки ин боиси нигаронӣ мебошад.

Дар баробари ин, қарзи музди меҳнат то 1 апрели соли 2008-ум 1 миллиону 750 ҳазор сомонӣ, ё худ 17, 4 фоизи қарздории вилояти Хатлонро ташкил медиҳад, ки он асосан аз ҳисоби корхонаи “Тоҷикхимпром” (1,5 миллион сомонӣ) ба вуҷуд омадааст.

Бинобар ин, ба раисони вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон супориш дода мешавад, ки барои ислоҳи вазъи бавуҷудомада чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳоло дар ноҳия 3 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 114 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст, ки онҳо барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ислоҳот дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона карда шудаанд.

Аз ҷумла, дар ноҳия дар доираи лоиҳаи инвеститсионӣ сохтмону барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани ду мактаб анҷом ёфта, инчунин сохтмони хатти эҳтиётии интиқоли қувваи барқ барои хонаи маъюбон ва пиронсолони шаҳри Ёвон ба маблағи 175 ҳазор сомонӣ дар марҳалаи гузаронидани озмун қарор дорад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки таваҷҷӯҳи раисони вилоят ва ноҳия, вазорату идораҳо ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ бештар ба истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳо ва бо сифати баланд татбиқ гардидани лоиҳаҳо ҷалб карда шавад.

Мо имрӯз расман маркази барқу гармии ноҳияро кушодем ва итминон дорем, ки корҳои боқимондаи таъмиру таҷдид дар ин корхона вусъат ёфта, то мӯҳлати муайяншуда пурра ба кор омода мегардад ва барои беҳтар таъмин шудани аҳолӣ ва корхонаҳо бо барқу гармӣ мусоидат менамояд.

Бояд зикр кард, ки маркази барқу гармии ноҳия соли 1969 барои таъминоти корхонаи электрохимиявӣ ва аҳолии шаҳри Ёвон бунёд гардида, то соли 1990 ҳамасола 370 миллион киловатт - соат нерӯи барқ ва 776 ҳазор гекакалл гармӣ истеҳсол менамуд.

Вале баъд аз соли 1990 бинобар бетартибиҳову ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкил шудани дастрасии сӯзишворӣ фаъолияташ қатъ гардид. Ин омил боиси фарсудашавӣ ва аз кор баромадани баъзе таҷҳизоти зарурии марказ гардид.

Фақат ба хотири тороҷ нашудани таҷҳизоти мавҷудааш корхона ба тавозуни Ширкати “Барқи Тоҷик” гузаронида шуд.

Бо мақсади ислоҳи вазъи баамаломада соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон маркази барқу гармии ноҳия ба тавозуни Ширкати “Алюминий Тоҷик” гузаронида шуда, таҷҳизоти асосиву ёрирасони он қисман таъмиру таҷдид гардид ва то моҳи январи соли ҷорӣ зиёда аз 11 миллион киловатт - соат нерӯи барқ истеҳсол шуд, ки ин нисбат ба имкониятҳои техникӣ ва талаботи аҳолӣ хеле кам аст.

Бинобар ин, барномаи зиёд намудани иқтидори маркази мазкур қабул гардид, ки тибқи он бояд тавоноии корхона ба 120 мегаватт расонида шавад. Ҳоло Вазорати энергетика ва саноат бо саҳмгузории як ширкати Ҷумҳурии Қазоқистон масъалаи бо технологияи истифодаи ангишт ба кор даровардани марказро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, дар ин самт аллакай як силсила корҳо анҷом дода шудаанд.

Илова бар ин, корҳои таъмиру таҷдид босуръат идома доранд ва мо итминон дорем, ки то моҳи октябри соли равон корҳои асосӣ анҷом ёфта, фаъолияти мунтазами марказ ба роҳ монда мешавад.

Тавре шумо огоҳ ҳастед, чанд рӯз пештар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда будам: дар раванди татбиқи сиёсати энергетикии давлати худ мо - мардуми кишвар бояд як принсипи ҳаётан муҳимро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар имрӯз ба масъалаи ҳаёт ва мамоти давлати тоҷикон табдил ёфтааст.

Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки ин ҳадафи стратегиро дар солҳои наздиктарин бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҳатман таъмин намоем.
Бо дарназардошти ин нукта, имрӯз бо гармӣ ва барқ таъмин кардани аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯз аст. Зеро сардии шадиди зимистони гузашта нишон дод, ки мо аз тамоми имконияту захираҳои худ истифода накардаем.

Бо мақсади таҳким бахшидани имкониятҳои энергетикии кишвар, бояд таъмиру таҷдид ва барқарор намудани иқтидори нерӯгоҳҳо ва марказҳои барқу гармии мавҷуда, ба роҳ мондани фаъолияти онҳо бо сӯзишвории алтернативӣ, аз ҷумла ангишт ҳарчи зудтар ба анҷом расонида, ба зимистони имсола омода бошем.

Бояд зикр кард, ки бо иқтидори пурра кор кардани маркази барқу гармӣ аз як тараф ба рушди соҳаҳои саноат ва иқтисодиёт ва аз тарафи дигар ба баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми ноҳия мусоидат менамояд.

Инчунин заводу корхонаҳои ноҳия, аз ҷумла ҷамъиятҳои “Тоҷикхимпром”, “Ғаюр”, заводи намаки “Ёвон”, корхонаи ресандагӣ, ширкати “Алюминийи Тоҷик” ва аҳолии шаҳри Ёвонро бо барқу гармӣ ва буғ таъмин менамояд ва муҳимтар аз ҳама, фаъолияти корхонаҳои мазкур ба низом медарояд.

Гузашта аз ин, дар оянда аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳои истеҳсоли барқу гармӣ иқтидори тавлидотии марказро боз ҳам вусъат додан мумкин аст.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани ин тадбирҳо, масалан корхонаи “Тоҷикхимпром” бо истифода аз 25 тонна буғ дар як соат ва 3000 метри мукааб намакоб мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ метавонад дар як шабонарӯз қариб 16 тонна гази хлор истеҳсол намояд.

Инчунин дар ин корхона дар ояндаи наздик истеҳсоли як қатор маҳсулоти нав ва маводи шустушӯӣ дар назар дошта шудааст, ки аз ин ҳисоб зиёда аз 200 ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.

Аз ин рӯ, ба Вазорати энергетика ва саноат супориш дода мешавад, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани корхонаи “Тоҷикхимпром” воридоти маҳсулоти химиявиро аз хориҷа ба назорат гирифта, барои таъмини бозори ватанӣ аз рӯи ҳаҷм, сифат ва номгӯй тадбирҳои зарурӣ андешад. Инчунин барои содироти маҳсулоти химиявӣ шароити мусоид фароҳам оварад.

Дар айни ҳол корхонаи “Ғаюр” қариб 90 ҳазор тонна оҳаки калсийдор истеҳсол мекунад, ки метавонад корхонаи “Тоҷикхимпром”-ро бо оҳаки босифат таъмин намояд ва аз ин ҳисоб имконияти зиёд намудани истеҳсоли маводи зикргардида ба вуҷуд оварда шавад.

Ғайр аз ин, дар ин корхона аз партовҳои истеҳсолии оҳак метавон дар як сол беш аз 100 ҳазор тонна семент истеҳсол кард.

Дар баробари ин, ҳангоми зарурат дар хумдони он имконияти пухтани оҳаки калсийдор низ пайдо мегардад. Аз ин рӯ, роҳбарияти корхонаро зарур аст, ки дар ин самт корҳоро тезонида, барои анҷом додани ин нақшаҳо тадбирҳои муассир андешад.

Дар робита ба ин, мехоҳам фаъолияти корхонаи “Намаки Ёвон”-ро низ зикр намоям, ки барои афзун намудани маҳсулоти химиявӣ саҳм дорад.
Ҳарчанд корхонаи мазкур соли 2007-ум ба маблағи 521 ҳазор сомонӣ қариб 3900 тонна намаки навъи «Экстра» истеҳсол намудааст, вале дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2007-ум 70 ҳазор сомонӣ кам маҳсулот баровардааст.

Илова ба афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба роҳбарияти корхона зарур аст, ки сифати истеҳсоли намакро ба талаботи меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ мутобиқ сохта, барои ҷалби харидор ва ёфтани бозори беруна ба намуди зоҳирии он аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Инчунин сифати ёдноккунии намакро низ беҳтар кардан зарур аст.

Дар маҷмӯъ бо иқтидори пурра кор кардани маркази барқу гармӣ ба рушди иқтисодиёти ноҳия такони ҷиддӣ мебахшад ва мақоми пешинаи шаҳри Ёвон ҳамчун яке аз марказҳои саноатии кишвар барқарор мегардад.

Дар ин робита, мехоҳам хотирнишон созам, ки роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Ёвон ҳанӯз ҷавобгӯи талабот нест. Аз ин рӯ, ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ва Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки таъмири асосии 50 фоизи хатти роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Ёвонро дар солҳои оянда ба нақша гиранд.

Инчунин Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об вазифадор карда мешавад, ки корҳои соҳилмутаҳкамкунии дарёи Ишмасойро ҷоннок намояд.
Бояд зикр кард, ки самти асосӣ ва стратегии сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рушди соҳаи маориф мебошад.

Ҳарчанд, ки солҳои охир дар ноҳия як силсила муассисаҳои таълимӣ бунёд ва таҷдид гардида, бо лавозимоти хониш ва технологияи муосири компютерӣ аз тарафи давлат таъмин карда шуданд, вале ҳоло ҳам дар ҳудуди ноҳия 18 мактаб ва боғчаҳои кӯдакона таъмирталаб буда, баъзе мактабҳо аз ҷиҳати асбоби хониш ва таҷҳизоти таълимӣ танқисӣ мекашанд.

Дар муассисаҳои таълимӣ қариб 50 нафар муаллимон намерасанд. Гузашта аз ин, барномаи компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳия ҳамагӣ 57 фоиз иҷро гардидааст, ки қонеъкунанда нест.

Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки мушкилоти ҷойдоштаро баррасӣ намуда, барои ислоҳи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии кишвари мо ҳифзи тандурустии аҳолӣ, саломатии модару кӯдак ва пиронсолон мебошад.

Дар соли 2008 ба соҳаи тандурустии ноҳия қариб 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки назар ба соли гузашта 680 ҳазор сомонӣ ё ин ки 52 фоиз зиёд мебошад.

Албатта ин маблағҳо барои харидани доруҳои гуногун, дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ ва маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, инчунин таъмиру азнавсозии нақшавии беморхонаҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ равона гардидаанд. Вале вазъи имрӯзаи беморхонаҳо ва бунгоҳҳои тиббии ноҳия моро қонеъ карда наметавонад.

Бояд зикр кард, ки 3 беморхонаи ноҳия қариб 20 сол инҷониб таъмир карда нашудаанд. Инчунин 19 марказҳои саломатии ноҳия, 3 марказ ва 4 бунгоҳи тиббӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 3 маркази саломатӣ ва 29 бунгоҳи тиббӣ дар вагонҳо ҷойгир карда шудаанд, ки боиси нигаронӣ ва ташвиш аст.

Ғайр аз ин, як қатор шӯъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия дар ду бинои 4 - ошёнаи заводи химиявии ноҳия ба таври иҷора фаъолият менамоянд. Ҳамчунин шӯъбаи наркологии ноҳия барои 45 кат аз сабаби дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бино ба ду вагон гузаронида шудааст.

Бинои дармонгоҳи кӯдакона солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудааст, ки он ҳам ба куллӣ таъмирталаб мебошад. Гузашта аз ин, дар аксари муассисаҳои соҳа нарасидани дастгоҳҳои ташхисиву табобатӣ, инчунин фарсуда шудани номгӯи зиёди асбобу таҷҳизоти тиббӣ ба мушоҳида мерасад.
Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, беҳбудии шароит ва корҳои табобатии муассисаҳои тандурустии ноҳия, пешгирии бемориҳо ва аз байн бурдани камбудиву норасоиҳо дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Сиёсати фарҳангии давлат имрӯз ба эҳёи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва рушди фарҳанги миллӣ равона гардидаст.

Ҳарчанд ки дар давоми солҳои истиқлолият дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расидааст, вале вазъи як қатор муассисаҳои фарҳангии вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Ёвон ҷавобгӯи талабот нест.

Масалан, мактаби санъати бачагонаи ноҳия ягона таълимгоҳест, ки дар он гурӯҳи шашмақомхонон ташкил шудааст, вале бинои он таъмирталаб буда, асбобҳои мусиқӣ намерасанд.

Бинобар ин, Вазорати фарҳанг ва Раиси ноҳияи Ёвон вазифадор карда мешаванд, ки барои фароҳам овардани шароити эҷодӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаи зикршуда чораҳои фаврӣ ва муассир андешанд.

Яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи мо танзими ҷиддии расму оинҳо ва риояи қатъии қонун дар ин самт мебошад. Дар ҳудуди ноҳия дар давоми се моҳи соли равон 870 маърака, аз ҷумла 620 тӯйи домодию арӯсӣ ва 126 хатнасур баргузор гардида, хароҷоти умумии маъракаҳо қариб 2 миллиону 800 ҳазор сомониро (900 ҳазор доллар) ташкил медиҳад ва ба ҳисоби миёна барои баргузории як маърака 3250 сомонӣ харҷ шудааст.

То ҳанӯз дар баъзе маъракаҳои хурсандии ҷамоатҳои ноҳия падидаи номатлуби часпонидани пул ба назар мерасад ва дар маросимҳои оши мардум бошад, теъдоди одамон қисман риоя намегардад.

Аз ин лиҳоз, комиссияҳои доимии маҳаллӣ бояд фаъолияти худро вобаста ба пешгирӣ ва ошкор намудани қонуншиканиҳо тақвият бахшанд ва ҳамзамон бо ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шумо - роҳбарону фаъолон дар татбиқи қонун бояд саҳми арзанда гузошта, намунаи дигарон бошед. Набояд фаромӯш кард, ки дар назди қонун ва риояи қонуният ҳама масъулияти баробар дорад.

Бояд зикр кард, ки ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт аз тартиботи ҷамъиятӣ, риояи қонуният ва пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ вобаста аст.

Дар ин самт дар фаъолияти баъзе сохторҳои ноҳия ва кормандони алоҳидаи онҳо ҳанӯз камбудиҳо ва норасоиҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд.

Аз маълумоти мавҷуда бармеояд, ки раисони баъзе ҷамоатҳои деҳоти ноҳия санадҳои ғайриқонунӣ кабул мекунанд. Аз ҷумла, дар соли 2007 ва се моҳи аввали соли 2008 дар натиҷаи овардани эътирозҳои прокурорӣ 24 адад чунин қарорҳо бекор карда шудаанд.

Инчунин бо вуҷуди андешидани чораҳои пешгирикунӣ дар ноҳия ҳоло ҳам содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва тақсимоти ғайриқонунии заминҳои кишоварзӣ ба шаҳрванддон ҷой дорад.

(Масалан, муовини аввали раиси ноҳия Ҳамроев А. ва раиси ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и ноҳия Мирзоева Ш. бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба шаҳрвандон ба андозаи 0,30 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо кардаанд. Инчунин, аз беназоратии мақомоти марбута истифода намуда, роҳбари хоҷагии иҷоравии «Ёвон-4» низ 0,91 гектар қитъаҳои заминро ғайриқонунӣ тақсим кардааст).

Дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ низ камбудиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла таҳия ва иҷрои қарорҳои раиси ноҳия оид ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони иншоотҳои гуногун ба зиммаи кумитаи замини ноҳия вогузор карда шудааст ва дар аксари мавридҳо қитъаҳои замин бе мувофиқа бо сармеъмори ноҳия ҷудо карда мешаванд, ки ин ба қонуншиканиҳо боис мегардад.

Илова бар ин, хариду фурӯши ғайриқонунии хобгоҳҳо ва дигар иншоотҳои давлатӣ ҷой доранд, ки боиси ташвиш ва нигаронӣ мебошад.
(Мисол, бинои нотамоми хобгоҳе, ки барои 419 оила пешбинӣ шуда буд, бо қарори собиқ раиси ноҳия соли 2004 ба шаҳрванд Маҳмадов С. вобаста шудааст ва ӯ бо сабабҳои номаълум бинои мазкурро ба шаҳрванд Қурбонов А. фурӯхтааст. Қурбонов А. бошад худсарона қисмҳои алоҳидаи ду ошёнаи бинои чорошёнаро кандааст).

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки корро дар ин самт пурзӯр намуда, барои бартараф кардани норасоиҳо ва камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Чуноне ки дар боло зикр кардам, имсол бинобар баланд шудани нархи маводи асосии ғизоӣ мову шумо бояд аз тамоми захираву имкониятҳо истифода бурда, барои бо маҳсулоти озуқавории худӣ беҳтар таъмин кардани мардум тамоми ғайрату қувваи худро сарф намоем.

Ҳамчунин шароити кунунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҳамаи мову шумо тақозо дорад, ки барои барқарор кардани шӯҳрати пешинаи ноҳия ҳамчун яке марказҳои саноатии кишвар тамоми тадбирҳои заруриро татбиқ намоем.

Махсусан истифодаи оқилонаву сарфакоронаи замин ва об, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, бо усулҳои муосири заминдорӣ истифода кардани тухмиҳои наву серҳосил, бунёд намудани боғҳои нав ва барқарор кардани боғҳои мавҷуда, ба роҳ мондани фаъолияти пурраи корхонаҳои саноатӣ, маркази барқу гармӣ ва сохта ба истифода додани корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷае мебошанд, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин бояд иҷро карда шаванд.

Танҳо бо ҳалли масъалаҳои зикршуда кишоварзону соҳибкорони ноҳия метавонанд дар таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва афзудани маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ҳамчун вазифаи стратегии давлату Ҳукумат саҳми арзандаи худро гузоранд.

Боварии комил дорам, ки мардуми заҳматкашу сарбаланди ноҳия ва соҳибкорони ватандӯст бо меҳнати содиқонаву софдилонаи худ аз иҷрои ин вазифаҳои муҳим мебароянд.

Ба ҳамаи шумо саломатӣ, барори кор ва барои сарзамини аҷдодиямон шукуфоиву ободӣ орзумандам.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520