Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.12.2023 11:30, шаҳри Душанбе
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  27.12.2023

27 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 ҳисоботи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии Стратегия идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини эҳтиёҷоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағгузорӣ тавассути ҷалби маблағҳои қарзӣ бо хароҷотҳои камтарин дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо дараҷаи оқилонаи хавф, ташкил ва нигоҳдории бозори функсионалии қоғазҳои қиматнок равонгардида мебошад.

Баъди баррасии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Стратегия тасдиқ карда шавад ва Вазорати молия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба амалисозии Стратегияи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

Сипас, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адабиёти таълимӣ”-ро баррасӣ карданд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи Стратегияи милии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040, Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029 ва Дар бораи масъалаҳои банақшагирии воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.

Дар охири кори маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ барои иҷрои саривақтию босифати дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари барномаву стратегияҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини тозагии экологии кӯчаю маҳалҳои зист, ҳифзи муҳити атроф ва ободонию кабудизоркунӣ дастур доданд. Супориш дода шуд, ки дар вақти ниҳолшинонӣ қад-қади шоҳроҳҳои автомобилгард аз ду тараф, бо ҷалби мутахассисони соҳа бо риояи тартиб ва технологияи парвариши ниҳолҳои ороишию сояафкан сабзондани босифати дарахтонро таъмин намоянд.

Супоришҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистони солҳои 2023-2024, таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҷамъбасти бобарори натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2023 дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520