Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳ.Ҳ.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
16 январи соли 2024
№680

 

 

ХОЛИҚЗОДА Ҳоким Ҳикматулло   

аз 16 январи соли 2024 дар мансаби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

Соли таваллуд: 27 июли соли 1973      Ҷойи таваллуд: ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Миллат: тоҷик                                         Маълумот: олӣ

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст

Ихтисос: молия ва қарз, идоракунии давлатӣ

Унвони илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не:  солҳои  2015-2020 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст  ё не:  Ордени Шараф  дараҷаи II

Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст  ё не:  Нишони фахрии аълочии молияи ҶТ», Нишони сарисинагии Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон»

Вазъи оилавӣ  оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1995-1996

Мухосиби дарачаи 2 Муассисаи хуроки умуми нохияи Фрунзеи ш.Душанбе

Солҳои 1996-1997

Муҳосиби хисобдории марказии Иттиходияи истехсолии дӯзандагии ба номи «Зайнаббибӣ»-и ш. Душанбе

Солҳои 1997-1998

Иқтисодчии калони шуъбаи карздиҳӣ ба саноат, савдо ва муомилоти пулии Бонки саҳомию тиҷоратии «Тори-бонк» дар ш.Душанбе

Солҳои 1998-1999

Хазинадори идораи амалиёти асъори ҳисоббаробар-кунии Амонатбонк, шаҳри Душанбе

Солҳои 1999-2003

Муҳосиби калон оиди хизматрасонии ташкилотҳои ҳуқуқӣ дар идораи амалиётҳои Амонатбонк, шаҳри Душанбе

Солҳои 2003-2005

Муовини сармуҳосиби идораи амалиётҳои Амонат-бонк, шаҳри Душанбе

Солҳои 2005-2009

Сардори идораи амалиёти Амонатбонк, ш.Душанбе

Солҳои 2009-2015

Директории Департаменти хазинадории Раёсати Амонатбонк, шаҳри Душанбе

Солҳои 2015-2020

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

03-06 соли 2020

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

06-11 соли 2020

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон

аз ноябри соли  2020
то 16 январи соли 2024

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520