ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 16 январи соли 2024 №13
ш. Душанбе
Дар бораи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
таъин намудани Насриддинзода Э.С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НАСРИДДИНЗОДА Эмомалӣ Сайфиддин
аз 05 майи соли 2021 дар мансаби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва
робита бо ҷомеа кор мекунад
Соли таваллуд 2 июли соли 1966 Ҷои таваллуд ноҳияи Балҷувон
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
Соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченко ва соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии
Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос ҳуқуқшинос
Унвони илмӣ (дараҷаи илмӣ) доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ бо луғат
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Ордени «Шараф дараҷаи II»
Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби ду фарзанд
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1983-1984 |
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченко
|
Солҳои 1984-1986 |
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ
|
Солҳои 198-1990 |
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченко
|
Солҳои 1990-2006 |
Ассистент ва муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
|
Солҳои 2003-2006 |
Унвонҷӯи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
02-09 соли 2006 |
Мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва методикаи таълими ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|
Солҳои 2006-2007 |
Муаллими калони кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
|
Солҳои 2007-2009 |
Ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба тарбия
|
Солҳои 2009-2011 |
Ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба таълим
|
Солҳои 2011-2016 |
Декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
|
Солҳои 2016-2020 |
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2020-2021 |
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон
|
аз майи соли 2021 то ҳоло |
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
|