Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мудири бахши сармоягузории ширкати “Диёри Қатар” Аҳмад Муҳаммад Тайиб

21.01.2024 18:10, Қатар
Мулоқот бо Мудири бахши сармоягузории ширкати “Диёри Қатар” Аҳмад Муҳаммад Тайиб 21.01.2024

21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Мудири бахши сармоягузории ширкати “Диёри Қатар” Аҳмад Муҳаммад Тайиб мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ширкат дар самти амалисозии лоиҳаи бунёди шаҳраки “Диёри Душанбе” ва як қатор иншооти муҳим баррасӣ гардид.

Татбиқи саривақтии марҳилаҳои дигари бунёди шаҳрак дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе зарур шумурда шуд.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки бо дарназардошти беҳтар шудани шароити иҷтимоию иқтисодӣ талаботи аҳолии кишвар ба инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла манзилҳои зист ва таъсиси марказҳои савдои замонавии бузург дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.

Ҷалби сармояи ширкати қатарӣ ҷиҳати бунёди иншооти иҷтимоӣ ва рушди зерсохтори сайёҳӣ дар кишвари мо барои ҷонибҳо судманд арзёбӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520