Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 29 январи соли 2024 №25
ш. Душанбе

Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»
таъин намудани Қурбонзода М. Р



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» таъин карда шавад.



Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

Қурбонзода  Маҳмадалӣ Раҳмат

аз 29 январи соли 2024 дар мансаби ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» кор мекунад

Соли таваллуд: 20 феврали  соли 1985    Ҷои таваллуд: ноҳияи Восеъ
Миллат: тоҷик Таҳсилот:олӣ

Соли2007 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст.


Ихтисос: муҳосиб ва аудит

Унвони илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ. англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не: Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: соли 2021 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст

Вазъи оилавӣ: оиладор

 

Кор ва фаъолиятисобиқа:

 

Солҳои 2022-2007

Донишҷуи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

08.2007 то 10.2007

Ходими хурди илмии шуъбаи «Шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ»-и Институти иқтисодиёт кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

10.2007 то 01.2008

Иқтисодчии Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2008-2011

Аспиранти рӯзонаи Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

04. 2011 то 05.2011

Ходими илмии шуъбаи «Омӯзиши бозорҳои кишоварзӣ»-и Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2011-2012

Муаллими калони кафедраи «Фаъолияти бонкӣ»-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Аз 01.2012 то 01.2012

Ходими калони илмии шуъбаи «Бозори воситаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ»-и Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2012 - 2013

Мудири шуъбаи «Омӯзиши муаммоҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони»-и Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2013 –2014

Мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2014 –2020

Директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе

 

Аз 02.2020 то 11.2020

Директори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2020 -2022

Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

 

Аз моҳи августи соли 2022 то 29 январи соли 2024

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иқтисод ва молия

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520