Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Рӯдакӣ ва шаҳри Сарбанд

05.04.2008 12:00

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар се моҳи соли равон раисони ноҳияҳои Восеъ – Алимурод Тағоймуродов, Ҳамадонӣ – Хуҷамурод Фазлиддинов, Фархор – Шариф Ғаффоров, Хуросон – Ҷаббор Самадов, Абдураҳмони Ҷомӣ – Умедхоҷа Зоиров, Рӯдакӣ – Мансур Қодиров ва шаҳри Сарбанд – Ҳукматулло Раҷабов тавассути телефон ҳисобот доданд.

Ҳисоботи онҳо бештар ба мавзӯъи вусъат додани кишти пахта, дуруст ба роҳ мондани усули нави маблағгузории соҳа, ҳавасмандкунии пахтакорон ва ба истифодаи пурсамар ҳидоят намудани мардум аз ҳамаи заминҳои киштбоб бахшида шуд. Таъкид гардид, ки имсол шароити мусоид барои барқарор намудани пахтакорӣ ва аз нав ба соҳаи сердаромад табдил додани он муҳайё гаштааст ва аз ин имконот бояд хуб истифода бурда шавад.

Таваҷҷӯҳи махсус ҳамчунин ба татбиқи амалии нишондодҳои муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ зоҳир гашт. Таъкид карда шуд, ки барои фаровон намудани бозори истеъмолӣ бо маводи озуқавории истеҳсоли худӣ ва кам кардани таъсири омилҳои манфии беруна бояд аз тамоми имкониятҳо баҳри афзоиши истеҳсоли ғалладона, меваю сабзавот ва маҳсулоти саноати хӯрокворӣ пурсамар истифода карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ноҳияи Восеъ оид ба назорати соҳилмустаҳкамкунӣ ва ташкили корҳо баҳри истифодаи ҳамаи заминҳои киштшаванда супоришҳои мушаххас дод.

Раисони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон ва Рӯдакӣ ҳамчунин вазифадор гаштанд, ки муборизаро бо малах ва дигар ҳашароти зараррасон дуруст ба роҳ монда, майдонҳои кишти зироатро аз зарари он эмин доранд.

Ба раиси шаҳри Сарбанд иловатан супориш дода шуд, ки бо истифода аз фаровонии нерӯи барқ дар мавсими гармӣ кори корхонаҳои саноатиро дар се баст, яъне ба тариқи шаборӯзӣ ба роҳ монда, баҳри афзун намудани истеҳсоли маҳсулот кӯшиш намоянд.

Раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур ҳамчунин вазифадор шуданд, ки оид ба қонеъ гардондани эҳтиёҷоти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ғамхорӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ тадбирҳои судбахш андешида, омодагиро ба зимистони оянда аз ҳозир оғоз намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520