Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи телефонии Раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосимро оид ба азхудкунии маблағҳои аз сарчашмаҳои ҷумҳуриявӣ ҷудогашта, вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, корҳои ободонию созандагӣ ва таъмини волоияти қонун шунида, баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва ҷоннок кардани корҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба ӯ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои корҳои ободонию созандагӣ, беҳдошти шароити муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо аз ҳисоби манбаъҳои ҷумҳуриявӣ Фонди захиравии Президент ва дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ маблағҳои хеле калон ба вилоят ҷудо шудаанд, ки рафти азхудкунӣ ва мақсаднок истифода бурдани онҳо бояд таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ривоҷу равнақ додани киштукори баҳорӣ, азхудкунии заминҳои нав ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ ва ҳамчунин баҳри таъмин кардани волоияти қонун ба Раиси вилоят дастуру ҳидоятҳо дод.
Худи ҳамин рӯз ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин раисони ноҳияҳои Қумсангир – Сироҷиддин Наҷмиддинов, Панҷ – Мирзодавлат Сабуров, Ёвон – Бароталӣ Юсупов, Ваҳдат – Анвари Вайсиддин телефонӣ ҳисобот доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо баҳри ҷоннок намудани киштукори баҳорӣ ба истифодаи босамар аз заминҳо ҳидоят кардани мардум ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати тармиму таҷҳизи беморхонаи бемориҳои сил дар ноҳияи Қумсангир аз манбаъҳои ҷумҳурӣявӣ маблағи зарурӣ ҷудо хоҳад шуд.