Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии Муовини сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон, Раиси Ҷамъияти «Тоҷикматлубот», раиси вилояти Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Рашт, Тоҷикобод

02.04.2008 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи телефонии Муовини сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон ва Раиси Ҷамъияти «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиевро оид ба татбиқи амалии нишондодҳои муроҷиати Сарвари давлат ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар шунида, ба онҳо ҷиҳати истифодаи босамар аз ҳар рӯзи мусоид барои тезондани киштукори баҳорӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили ҷумҳурӣ дастуру супоришҳо дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии нархи баъзе маводи озуқаворӣ, хусусан гӯшт изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки баҳри истифодаи пурмаҳсул аз ҳамаи заминҳои киштбоб, ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ ва фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худии кишоварзӣ бояд тамоми чораҳои саривақтӣ андешида шаванд. Ҳамчунин таъкид гашт, ки ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маҳсулот дар бозорҳо бояд пешгирӣ карда шавад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тезондани кишти баҳорӣ ва мавриди истифодаи пурсамар қарор додани заминҳои корам ҳамчунин тавассути телефон Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ҳисобот дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ баҳри ба истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам, рушди бахши пахтакорӣ ва зиёд намудани истеҳсолоти ватанӣ ҳидоят кардани мардум ва ҳамчунин ташкили мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, хусусан малах дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Тавассути телефон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин раисони шаҳри Кӯлоб - Ҳамид Абдуллоев, ноҳияи Рашт - Маҳмадшариф Толибов ва ноҳияи Тоҷикобод - Махсум Фозилов ҳисобот дода, оид ба рушди бахшҳои ғаллакорӣ, боғдорӣ, татбиқи босифат ва саривақтии лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои мушаххас гирифтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520