Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

01.03.2024 10:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» имзо гузоштанд.

Тибқи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ҳамаи хонандагон ба таълими миёнаи умумӣ фаро гирифта мешаванд. Онҳо таълими миёнаи умумиро метавонанд дар муассисаҳои миёнаи умумӣ ё дар муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гиранд. Тағйироти мазкур имкон медиҳад, ки хонандагон дар як вақт ҳам соҳиби маълумоти умумӣ ва ҳам соҳибкасб гарданд. Тағйироти воридгардида  ба тайёр кардани  кадрҳои коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» барои такмили низоми ташкилотҳои суғуртавӣ, назорати фаъолияти иштирокдорони бозори суғурта ва танзими низоми иҷозатномадиҳӣ барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ равона гардидааст.

Қонунҳо дар матбуот нашр карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520