Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ба истифода додани беморхонаи минтақавӣ дар ноҳияи Ҳисор

29.03.2008 13:00, шаҳри Ҳисор

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Пеш аз ҳама шумо - мардуми сарбаланди ноҳияи Ҳисор ва тамоми кормандони соҳаи тандурустии кишварро бори дигар ба ифтихори соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори хушу осуда ва саломативу сарбаландӣ орзумандам.

Фикр мекунам, ки дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ ба истифода додани иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоӣ, аз ҷумла ин беморхонаи минтақавӣ, ки бо сифати баланд таъмир гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудааст, бешубҳа ба хурсандии идона шодиву хушҳолиҳои нав илова месозад.

Дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ сохтмону азнавсозии инфраструктураи иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои тиббӣ, ки дар ҳифзи тандурустии аҳолӣ нақши бузург доранд, иқдоми хайрхоҳона ва зарурӣ мебошад.

Зеро саломатӣ барои инсон неъмати бебаҳост ва шумо – табибони арҷманд барои ҳифзи ин неъмати бебаҳои инсонӣ масъулияти хеле бузург доред.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти бузурги ҳифзи саломатии мардум ва бо мақсади суръатбахшӣ ба раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин вусъат додани бунёди иншооту муассисаҳои тиббӣ, ки ин беморхона намунаи равшани он мебошад, ҳамаи чораҳои имконпазирро амалӣ карда истодааст. Чунки тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад.

Бояд гуфт, ки мавриди истифода қарор гирифтани ин беморхонаи минтақавӣ ба ниёзмандони ду ноҳия - Ҳисор ва Шаҳринав имкон медиҳад, ки дар маҳалли зисти худ аз хизматрасонии саривақтӣ ва босифати тиббӣ истифода намоянд.

Ин муассиса, ки дар он барои муоина ва дар як навбат табобат кардани сад нафар беморон ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст, аз шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, табобати бемориҳои кӯдакона, таваллудгоҳ ва дармонгоҳ иборат аст.

Дармонгоҳи беморхона бо таҷҳизоти зарурии ташхис ва лабораторияи замонавӣ муҷаҳҳаз буда, метавонад дар як баст беш аз 150 нафар эҳтиёҷмандонро қабул карда, ба онҳо кӯмаки тиббию санитарӣ расонад. Илова бар ин, дар беморхонаи мазкур зиёда аз сад нафар одамон соҳиби ҷои кори доимӣ мешаванд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи онҳое, ки барои азнавсозии беморхона ва бо таҷҳизоти муосири замонавӣ таъмин кардани ин муассисаи табобатӣ саҳми арзанда ва инсондӯстона гузоштанд, арзи сипос менамоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки медонед, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи тандурустии кишварро самти муҳимтарини фаъолияти худ дониста, дар доираи татбиқи он илова ба тадбирҳо доир ба фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қабули ҳуҷҷатҳои барномавӣ инчунин аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии бемориҳо як қатор барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи то соли 2010-ум қабул шудаанд, ки татбиқи самарабахши онҳо вазифаи асосии шумо – роҳбарон ва масъулону кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад.

Масъалаҳои ба талаботи давру замона мувофиқ гардонидани шароити муассисаҳои тандурустӣ, таъминоти онҳо бо таҷҳизоти муосир ва доруворӣ, инчунин тарбияи кадрҳои тиббӣ таҳти назорат ва таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Бо роҳи зиёд кардани маблағгузории давлатии соҳа ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ мо вазъи муассисаҳои ташхису табобатиро тадриҷан ба эътидол оварда истодаем.

Чунон ки дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон зикр карда будам, имсол маблағгузории давлатии соҳаи тандурустии мамлакат нисбат ба соли 2007-ум дар ҳаҷми беш аз 43 фоиз зиёд пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон бо мақсади вусъати ислоҳоти соҳа 54 лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ шуда истодаанд, ки ҳаҷми умумии маблағи онҳо беш аз 420 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бо ҷалби ҳам маблағҳои давлатӣ ва ҳам сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ солҳои охир теъдоди зиёди муассисаҳои тиббӣ мавриди таъмир ва азнавсозӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ таъмин карда шуданд.

Дар ин давра вазъи Институти илмию таҳқиқотии Вазорати тандурустӣ, як қатор муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд, Хоруғу Кӯлоб ба талаботи замон мувофиқ гардонида шуд.

Ҳамчунин ҳоло дар 11 ноҳияи таҷрибавӣ таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тиббӣ ва беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил идома дорад.
Дар натиҷаи то андозае беҳтар гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ ва бо дастгоҳҳои ҳозиразамони ташхису табобат таъмин намудани онҳо мо ба шаҳрвандони кишварамон имконият фароҳам овардем, ки аз дастовардҳои тибби муосир, яъне аз тарзу усулҳои нави муоина ва муолиҷаи бемориҳо баҳравар гарданд. Вале хизматрасонии техникии онҳо ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъалаи дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштан ва пурсамар истифода намудани таҷҳизоти тиббиро ҳаллу фасл карда, мунтазам доир ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намояд.

Дар заминаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат инчунин соли гузашта маоши вазифавии кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба қадри имкон зиёд карда шуд.

Инчунин маош ва ставкаҳои амалкунандаи тарифии кормандони муассиса?ои алоҳидаи тиббӣ, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 50 фоиз баланд гардид.

Ба маълумоти шумо мерасонам, ки дар ояндаи наздик дар соҳаи тандурустӣ низоми нави пардохти музди меҳнат ҷорӣ карда хоҳад шуд.

Бо ин мақсад ҳоло аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ ташкил шуда, таҳияи дастуруламали нави пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ идома дорад.

Дӯстони азиз!

Воқеан намехоҳам, ки дар рӯзҳои иди Наврӯз хотири шуморо бо зикри камбудиву норасоиҳои соҳаи тандурустӣ ошуфта созам. Вале чун фурсати муносиб фароҳам омадааст, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба иҷрои як қатор вазифаҳои муҳим ҷалб намоям. Зеро бе ҳаллу фасли онҳо ислоҳот ва пешрафти соҳаи тандурустиро таъмин кардан амри маҳол аст.

Шумо хуб медонед, ки мо соли ҷорӣ тамоми роҳбарияти вазоратро иваз кардем ва ин бесабаб нест.

Пешрафти соҳа бо вуҷуди дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба талабот ҷавоб дода наметавонад, яъне ислоҳоти соҳа ба таври зарурӣ сурат намегирад ва дар маҷмӯъ мардум ҳанӯз аз сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ қаноатманд нестанд.

Бинобар ин, то ҳол шаҳрвандони кишварамон барои ташхис ва табобат аз деҳот ба шаҳр ва ҳатто берун аз марзи Тоҷикистон мераванд, ки ин тамоюли номатлуб буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ҳанӯз ҳам ба маҳорату истеъдод ва донишу таҷрибаи табибони маҳалливу олимони тибби кишвар эътимод надоранд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ислоҳоти соҳаи тандурустӣ то ҳол дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Зеро кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, тибби оилавӣ, ислоҳоти маблағгузории соҳа, сохтори умумии бистаригардонии беморон, низоми муназзам ва муносиби иттилоотиву таҳлилӣ, ҳамгироии барномаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, харид ва таъминот бо доруворӣ, инчунин татбиқи як қатор тадбирҳои дигар, ки самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳа мебошанд, ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Барои пешрафти соҳа пеш аз ҳама доир ба ҷорӣ намудани низоми нави маблағгузорӣ, яъне маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ чораҳои дахлдор андешидан зарур аст.

Ҳамзамон бо ин, натиҷаҳои ислоҳоти соҳа, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сатҳу сифати ҳифзи тандурустии аҳолиро пайваста мавриди баррасӣ қарор дода, мувофиқи онҳо амал бояд кард.

Дар истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ камбудиҳои зиёд ба назар мерасанд.

Дар аксар ҳолатҳо ниёзмандон, бахусус табақаҳои камбизоати аҳолӣ аз дастгирии давлатӣ доир ба таъминоти доруворӣ ва хизматрасонии тиббӣ бенасиб мондаанд.

Маблағҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ асосан барои ҷалби мушовирони байналмилалӣ, гузаронидани чорабиниҳои тадқиқотиву омӯзишӣ сарф карда мешаванд, ки ин мувофиқи мақсад нест.

Ҳадафи асосӣ аз ислоҳоти соҳа дастрас будани хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, пеш аз ҳама ба табақаҳои камбизоати он, пиронсолону маъюбон ва модару кӯдак мебошад.

Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳи зарурӣ ва доимӣ зоҳир намоянд.

Тибби оилавӣ ҳамчун самти афзалиятноки соҳа то ҳол мавқеи худро пайдо накардааст. Дар айни ҳол дар кишварамон дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҳамагӣ 680 нафар духтурони тибби оилавӣ ва наздик ба 1500 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ тайёр карда шудаанд. Ҳол он ки аҳолии мамлакатамон ба бештар аз 4 ҳазор нафар табибони оилавӣ эҳтиёҷ дорад.

Тавре ки зикр кардем, ҳаҷми маблағҳои аз буҷети давлатӣ ҷудошаванда ҳамасола меафзояд, вале қисми ниҳоят ками онҳо барои ислоҳоти соҳа сарф мегарданд.

Бо дарназардошти ин вазъ, ба Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо зарур аст, ки доир ба истифодаи оқилонаи маблағҳо, инчунин омӯзиш ва дар дигар шаҳру ноҳияҳо ҷорӣ кардани дастовардҳои ноҳияҳои таҷрибавӣ тадбирҳо андешанд.

Яке аз роҳҳои ҳалли проблемаҳои мавҷудаи соҳа таҷдиди сохтори беморхонаҳо мебошад ва ин кор бояд бо иштироки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда шавад.

Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки масъалаи мазкурро ҳамаҷониба омӯхта, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодоти мушаххас манзур намояд.
Бояд таъкид кард, ки дар соҳаи тандурустӣ бахши хусусӣ хеле суст инкишоф ёфта истодааст. Зеро миқдори муассисаҳои хусусии тиббӣ ҳанӯз дар кишварамон ниҳоят кам мебошанд.

Мо бояд аз рушди тибби хусусӣ наҳаросем ва барои он имконияти мусоид фароҳем орем. Дар тамоми дунё ҳиссаи муассисаҳои тибби хусусӣ дар расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ хеле назаррас аст.

Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки дар бораи рушди тибби хусусӣ тадбирҳо андешида, онҳоро дар амал татбиқ намояд.

Пешрафт ва рушди ҳар соҳа аз кадрҳои болаёқат ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи он вобаста аст.

Дар соҳаи тандурустӣ низ мо метавонем маҳз бо роҳи таъмин кардани муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони варзида татбиқи ислоҳот ва хизматрасонии тиббиро ба таври зарурӣ ба роҳ монем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на ҳамаи хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба ҷои кори фиристодашуда мераванд. Масалан, имрӯз аз хатмкардагони се соли охир ҳамагӣ 37 фоизашон дар ҷои тибқи роҳхат таъиншуда фаъолият доранд.

Бояд қайд кард, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ яке аз беҳтарин марказҳои тайёр кардани мутахассисон, ҳатто барои як қатор кишварҳои хориҷӣ буд ва эътибори ниҳоят калон дошт. Зарур аст, ки барои барқарор кардани нуфузи пешина ва идомаи анъанаҳои нек ҳамаи чораҳо андешида шаванд.

Тарбияи кадрҳо барои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Чунон ки шумо огоҳ ҳастед, имсол имтиҳоноти қабули довталабон дар чор мактаби олии кишварамон тавассути Маркази миллии тестӣ амалӣ мегардад.

Бинобар ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаи касбии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки якҷоя бо Вазорати маориф ва дигар мақомоту сохторҳои дахлдор бо дарназардошти мушаххасоти соҳа дар масъалаи қабули донишҷӯён ва минбаъд таъмин кардани мутахассисони ҷавон бо ҷойҳои корӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Илова бар ин, ба вазоратҳои мазкур супориш дода мешавад, ки ба Консепсияи таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ тағйиру иловаҳо ворид намоянд, зеро мӯҳлати бозомӯзии аввалияи касбӣ барои таъмин намудани талаботи воқеӣ бо мутахассисон мувофиқат намекунад.

Инчунин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ зарур аст, ки барои ба кор ҷалб намудани мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ барномаҳои маҳаллии худро таҳия карда, дар ин самт чораҳои саривақтӣ андешанд.

Имрӯз илова бар ин, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар дохили кишвар тайёр карда мешаванд, онҳо дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои тиббии давлатҳои хориҷӣ низ таҳсил мекунанд ва бозомӯзиву такмили ихтисос менамоянд.

Ҳоло дар асоси имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Тоҷикистон беш аз се ҳазор нафар ҷавонони мамлакатамон барои таҳсил ба кишварҳои гуногуни дунё фиристода шудаанд, ки як қисми онҳо ихтисосҳои тиббиро аз худ мекунанд.

Вобаста ба ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки ҳамасола ҳангоми таҳияи барномаи тарбияи кадрҳо дар хориҷи кишвар ихтисосҳои тиббиеро, ки Тоҷикистон ба онҳо ниёз дорад, мавриди омӯзиш қарор дода, барои беҳтар таъмин кардани муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони баландихтисоси касбӣ чораҷӯӣ намояд.

Ҷобаҷогузории кадрҳо яке аз омилҳои муҳими пешрафти ислоҳоти соҳаи тандурустӣ мебошад. Бинобар ин, ҳангоми ба вазифа таъин намудани роҳбарони муассисаҳои тиббии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд бештар ба сифатҳои касбӣ ва салоҳиятнокии кадрҳо таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.

Ба вазифаҳои роҳбарикунанда пеш аз ҳама бояд мутахассисони лаёқатманд, бомаҳорату соҳибистеъдод ва поквиҷдон таъин карда шаванд.

Омили дигари пешрафти соҳаи тандурустӣ таҳия ва татбиқи усулҳои нави ташхис, пешгирӣ ва табобати бемориҳо, инчунин ташкили дурусти фаъолияти дорусозӣ мебошад. Имрӯз дар соҳаи тандурустӣ 134 нафар доктор ва 306 нафар номзадҳои илм кору фаъолият доранд, вале боиси таассуф аст, ки дар давоми шонздаҳ соли истиқлолият дар маҷмӯъ дар илми тибби кишварамон ягон ихтирои бузург ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамасола дар соҳаи тиб нисбат ба дигар соҳаҳои илму маориф бештар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя мегарданд, вале натиҷаи на ҳамаи онҳо дар амалия ҷорӣ карда мешавад ва ба татбиқи барномаҳои миллии соҳаи тандурустӣ мусоидат менамояд.

Ҳарчанд солҳои охир ҳаҷми маблағгузорӣ барои пешбурди илми соҳаи тандурустӣ тадриҷан афзоиш ёфта, инчунин ба кишварамон таҷҳизоти зиёди ҳозиразамони тиббӣ ворид мегардад, вале дар ин ҷода то ба ҳол пешрафти назарраси илмӣ мушоҳида намешавад.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар кишвари мо захираи зиёди гиёҳҳои шифобахш вуҷуд дорад ва имконияти сохтани доруҳои наве, ки ба онҳо натанҳо шаҳрвандони мамлакати мо, балки кишварҳои дигар низ ниёз доранд, мавҷуд аст, вале бо сабабҳои гуногун ин бахши муҳими тандурустӣ рушд наёфта истодааст.

Рушди соҳаҳои гуногуни илм бешубҳа аз олимону мутахассисон заҳмати шабонарӯзӣ, таҷрибаву малака ва маҳорат талаб менамояд.

Аз ин рӯ, бояд ворисону пайравони Абӯалӣ Сино – шахсияте, ки ба илми тибби тоҷик шӯҳрати ҷаҳонӣ бахшидааст, дар баробари адо кардани кори ҳаррӯзаи худ бояд барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи тандурустӣ ва илми тиб низ талошу кӯшиш намоянд.

Чунон ки гуфта шуд, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар навбати худ барои рушди соҳа тамоми шароитро муҳайё сохта, сол аз сол ҳаҷми маблағгузориро зиёд карда истодааст.

Яке аз вазифаҳои асосии Вазорати тандурустӣ рушди хизматрасонӣ дар самти ҳифзи саломатии модарон ва танзими оила мебошад.

Зеро ташаккули тарзи зиндагии солим, оилаи солим ва модару фарзанди солим дар маҷмӯъ ба манфиати ҷомеа ва давлат аст.

Бинобар аҳамияти муҳим доштани ин масъала соли 2002-юм дар машварати доир ба сиёсати демографӣ ва танзими оила баргузоршуда таъкид карда будам, ки ба низом овардани таваллуд дар кишвари мо тақозои ҳаёт ва талаби замон аст.

Дар муддати шаш сол дар шаҳру ноҳияҳои мамлакатамон бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳифзи саломатии модарон қариб 80 маркази тиббӣ созмон ёфта, муҳимтарин масъалаҳои оилаву оиладорӣ, тандурустии модару кӯдак ва баланд бардоштани сатҳи маърифати занону модаронро таҳти омӯзиш ва таблиғ қарор доданд.

Ва ҳадаф аз амалӣ кардани тадбирҳо доир ба танзими оила низ ҳифз ва беҳдошти тандурустии модару кӯдак, тарбияи насли рӯҳану ҷисман солим ва муҳимтар аз ҳама, ташкили оқилонаи оила мебошад.

Тибқи нишондодҳои барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар мамлакатамон то соли 2015-ум нишондиҳандаҳои фавти модарон бояд ба ҳадди аз чор се ҳисса ва фавти кӯдакон ба андозаи аз се ду ҳисса паст карда шаванд.

Бо дарназардошти ин, дар ҳуҷҷатҳои барномавии Тоҷикистон - Стратегияи рушди миллӣ ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба масъалаҳои ҳифз ва беҳдошти саломатии модарону кӯдакон аҳамияти махсус дода шудааст.

Ҳамзамон, дар марҳалаи кунунӣ дар тамоми ҷомеаи умумибашарӣ ба масъалаи маърифати тиббию санитарии аҳолӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад, чунки он василаи аз ҳама арзони таъмини сатҳ ва сифати тандурустӣ, гузашта аз ин, роҳи пурсамари пешгирии бемориҳо мебошад.

Аммо, мутаассифона, дар ин самт ҳам аз ҷониби кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳам аз ҷониби дигар сохторҳои масъул чорабиниҳои нишонрас ва мушаххас амалӣ карда намешаванд.

Инчунин ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва моддию техникӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, бозомӯзӣ ва такмили касбии табибон, воридоти таҷҳизоти навтарини тиббӣ, доруҳои босифат ва ба талабот ҷавобгӯ чораҳои мушаххас андешидан зарур аст.

Илова бар ин, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва татбиқи барномаҳои давлативу байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти Вазорати тандурустӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷумлаи корҳои бетаъхир мебошад.

Дар баробари ин, роҳбарону масъулони соҳа вазифадоранд, ки масъалаи пешгирӣ кардани ҳар гуна қонуншиканиҳоро таҳти назорати доимии худ қарор диҳанд.

Чунки дар ҷараёни санҷишҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳам дар дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳам дар сохторҳои тобеи он қонуншиканиҳои зиёд, аз ҷумла хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳо, расонидани зарари молиявӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон, тасарруфи воситаҳои пулӣ, амалиёти ғайриқонунии молиявӣ бо ширкатҳои хусусӣ, рӯйпӯш кардани андоз, ҳодисаҳои тамаъҷӯӣ ва сӯиистифода аз мансаб ошкор карда шудаанд.

Дар бартараф намудани камбудиҳои зикршуда ва минбаъд роҳ надодан ба чунин қонуншиканиҳо аз шумо – роҳбарони тамоми зинаҳои соҳаи тандурустӣ пеш аз ҳама масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва дасту дили покизаву нияти нек тақозо мегардад.

Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ ҳамаи имконотро барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти он равона месозад, вале дар навбати худ аз роҳбарони Вазорати тандурустӣ, масъулон ва мутахассисону кормандони соҳа тақозо мегардад, ки камбудиву норасоиҳои зикршударо бартараф карда, барои рушди ҳамаҷонибаи тиб тамоми қувваю ғайрати худро сарф созанд.

Итминони комил дорам, ки табибон минбаъд низ ба иҷрои вазифаҳои худ бо дасту дили гарм, эҳсоси баланди ватанпарастиву инсондӯстӣ ва ифтихори миллӣ муносибат карда, ба савганди хеш содиқ мемонанд ва ҳамчун ворисони Ибни Синои бузург дар ҳифзу беҳдошти саломатии мардуми Тоҷикистон ва пешрафти соҳаи тандурустии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳозирини гиромӣ!

Мову шумо ҳоло дар сарзамини бостонии Ҳисор, ки сокинонаш бо заҳматдӯстӣ ва маҳорати баланди кишоварзиву боғдорӣ шӯҳрат пайдо кардаанд ва онҳо бо ҳосили дастони худ дастурхони сокинону меҳмонони пойтахти мамлакатамонро обод мекунанд, қарор дорем.

Итминон дорам, ки дар айёми киштукори имсола низ онҳо ҷавобан ба муроҷиати Сарвари давлат доир ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат истифодаи оқилонаву самараноки замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулотро таъмин мекунанд.

Шубҳае нест, ки ҳар як сокини Ҳисори шодмон бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллати кӯҳанбунёдамон дар корҳои созандагиву ободонии хонаи худ, кӯчаву деҳаи худ ва дар маҷмӯъ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон саҳми муносиб мегузорад.

Бо чунин ниятҳо ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони ноҳияи Ҳисорро бори дигар бо ҷашни Наврӯзи Аҷам табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, саодати рӯзгор хонаи обод ва барори кору зиндагӣ орзумандам.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520