Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар чорабинии наврӯзии шаҳри Душанбе

22.03.2008 16:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон Наврӯзи фархундапай, ки ҷашни бисёр муқаддас ва мубораки ниёгонамон буда, аз қаъри асрҳо ба мо мерос мондааст, бо шодиву фараҳи зиёд таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва тамоми сокинони пойтахти давлати соҳибистиқлоламонро самимона табрик гуфта, бароятон бахту саодат, хонаободӣ ва рӯзгори хушу осуда орзумандам.

Шумо – ҳозирини мӯҳтарам хуб медонед, ки Наврӯз бо баробар гаштани рӯзу шаб фаро мерасад ва онро мардуми мо аз қадим ҳамчун иди соли нав, ҳаёти нав ва умеду орзуҳои нав ҷашн мегирифтанд.

Мувофиқи андешаи донишмандон аз аҳди шоҳаншоҳони ҳахоманишӣ ва ашконӣ дар бораи гузаронидани маросими Наврӯз маълумоти дақиқе то замони мо нарасидааст, вале аз аҳди Сосониён инҷониб оид ба таҷлил ва расму суннатҳои наврӯзӣ осори гаронбаҳое боқӣ мондааст, ки бешубҳа гувоҳи бузургӣ ва дилбастагии зиёди мардум нисбат ба ин ҷашн мебошад.

Бино ба ривояти матнҳои авастоӣ, паҳлавӣ ва форсии қадим «шодӣ ва сурур нишонаҳои неки ойини аҳуроӣ»-и ниёгони хирадманди мо буда, ба сабза, гулу гиёҳ, андеша, гуфтор, кирдор ва пиндори нек эътиқод ва ба ободониву пешрафт эътимод доштаанд ва ба ин васила дар ҳар мавриде ғаму ғусса ва сӯгу андӯҳро аз худ дур мекардаанд.

Ба ибораи дигар, онҳо аз дурӯғу фитна, хашму кина, рашку ҳасад ва бадандешиву ҷанг дурӣ ҷуста, зиндагиро бо ростӣ, меҳру муҳаббат, самимияту хайрхоҳӣ ва ҳамкориву ҳамзистии одилона, зиндадиливу шодкомӣ ва камоли осоишу оромӣ мегузаронидаанд.

Ҳамзамон бо ин, аҷдодони мо ба хотири баҳрабардории бештар аз зиндагӣ ва хушгузаронии умр дар мавридҳои гуногуни фасли сол ва ба зиндагии табиӣ муносиб ҷашнҳоеро тартиб дода буданд, ки зеботарини онҳо ҷашни миллӣ ва мардумии Наврӯз аст.

Воқеан ҷашни Наврӯз ёдгори барҷаста ва бошукӯҳи зиндамондаи мардуми ориёинажод аст, ки собиқаи беш аз панҷҳазорсола дорад ва яке аз ҷашнҳои бисёр куҳани ҷаҳон ба шумор меравад.

Дар ин маврид Абӯрайҳони Берунӣ мегӯяд: «Сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас ҳафтгона ошкор шуд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, ойинро нав кард.

Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд. Ва ин рӯз «рӯзи Мухторӣ» аст , зеро ки номи ин рӯз Ҳурмузд аст». Абӯрайҳони Берунӣ инчунин «Наврӯзро пешонии сол, рӯзи умед, оғози баҳор ва рӯзи нав» номидааст.

Аз ин рӯ, Наврӯз бо озодагиву латофат ва назокату шарофати худ ба рӯҳу эҳсоси мардуми ин сарзамин чунон сиришта шудааст, ки онро аз замони пайдоишаш то имрӯз ҳамасола бо умқи дилу ҷон ва равони хеш интизор мешаванд.

Ва ҳоло низ тибқи суннати деринаи аҷдодӣ панҷоҳ рӯз пештар ба ҷашни Наврӯз омодагӣ мебинанд ва дар гирди ҳафтхони баҳорӣ баҳам омада, онро бо шодиву шодмонӣ ва шодкомӣ таҷлил менамоянд.

Бузургони мо фасли баҳорро ба арӯси нозанини сол ташбеҳ кардаанд. Бешубҳа, вақте ки гулу гиёҳ ва сабза ҷони тоза мегирад ва ҷаҳон бо рангу бӯи нав зинда мегардад, ба ибораи дигар фурӯғи гармии ҷонбахши хуршед бо ишқ ва муҳаббат сиришта мешавад ва дар натиҷа ҳама мавҷудоти олам ба ҷунбиш омада, ба ҳаёт умри дубора мебахшад, Соли нав ва ҷашни Наврӯз бо шукӯҳи тамом оғоз мегардад.

Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки ҷашни Наврӯз натанҳо ҷашни миллии мо, балки ҷашни умумибашарист, зеро фасли зебои баҳор ва нав шудани сол барои тамоми инсонҳо яксон меояду хушҳолӣ меорад ва ба онҳо рӯҳи тоза бахшида, ба соли нав омода месозад.

Боиси ифтихори мост, ки ин ҷашни ниёгонамон сарфи назар аз гирудорҳои зиёди таърихӣ ва сарнавишти пурфоҷиаи гузаштаи миллати куҳанбунёдамон на танҳо то ба замони мо омада расидааст, балки ба иди миллии як қатор халқиятҳои дигар низ табдил ёфтааст.

Аз ин рӯ, Наврӯз дар баробари забони модариамон барои мо аҳамияти таърихиву миллӣ дорад ва мо онро бояд ҳамчун шиносномаи миллати худ дониста, таҷлил намоем.

Дар гузашта давраҳое буданд, ки мардуми мо Наврӯзро ошкоро ҷашн гирифта наметавонистанд. Бо вуҷуди ин таомулҳои онро пинҳонӣ ва бо номҳои дигар ба ҷо оварда, аз насл ба насл ба мерос медоданд.

Хушбахтона, имрӯз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ба мо муяссар гардидааст, ки Наврӯзро расман иди миллӣ эълон карда, онро дар кишвари худ ба таври васеъ ва бо тамоми анъанаву суннатҳояш ҷашн гирем.

Бешубҳа, Наврӯз ҷашни табиат буда, робитаи инсонро бо мавҷудоти олам пайванд месозад. Ва баракату фаровонӣ аз фазилатҳои неку писандидаи ҷашни баҳор аст.

Ба андешаи бузургони гузаштаамон «дар ин рӯз ҳар чӯбе, ки хушк шуда буд, сабз гардид ва ҳар шахсе аз роҳи табаррук ба ин рӯз дар таште ғаллаву ҷав кошт. Ва аз рӯидани ин ғалла ба хубиву бадии зироат ва ҳосили солиёна пешгӯӣ кунанд».

Чунон ки дида мешавад, мардуми мо аз қадимулайём дар оғози фасли баҳор ба киштукори зироатҳои гуногун, гулу гиёҳ ва буттаву ниҳолҳо машғул гардида, ба ободониву пешрафти куҳандиёри худ саҳм мегузоштанд.

Ин суннати қадима ва писандидаи наврӯзӣ то замони мо боқӣ мондааст ва одатан мардуми мо дар оғози фасли баҳор ба ниҳолшинонӣ ва кишту кори баҳорӣ шурӯъ намуда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон саъю талош меварзанд.

Ҳамзамон бо ин, яке аз суннатҳои қадимаи Наврӯз дар он аст, ки мардум дар боғу майдону даштҳои ғарқи гулу сабза ва ё дар талу теппаҳои сабзпӯши табиат наврӯзгоҳҳо ва сайругаштҳои идона созмон дода, тибқи оинҳои наврӯзӣ ҳар гуна базму сабқатҳо баргузор мекарданд ва дар гузаштаи начандон дур онро ҷашни «гули сурх» низ меномиданд.

Тибқи ин таомул мо имрӯз бо шумо дар ин боғи хушманзара, ки як сол инҷониб номи Боғи марказии ботаникии Тоҷикистонро дорад, ҷамъ омада, Наврӯзи хуҷастафолро ҷашн мегирем.

Ба хотири истироҳату фароғат ва сайру гашти шумо – сокинони пойтахт ва меҳмонони Тоҷикистони азизамон Ҳукумати мамлакат соли гузашта боғи мазкурро, ки солҳои охир хеле хароб гардида буд, аз нав барқарор кард.

Тавре ки мебинед, ҳоло он на танҳо ба парваришгоҳи ниҳолу дарахтон ва гулу буттаҳои нодир, балки ба як намоишгоҳи кушоди табиати зиндаву рангоранг табдил гардида, инъикоскунандаи маданияти баланди заминдорӣ ва умуман зиндагии миллати соҳибфарҳангу тамаддунсозамон мебошад.

Аз дидани ин манзараҳои ҷолиб ҳисси худогоҳӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди Тоҷикистон боло мегирад ва онҳоро бештар ба ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ месозад.

Зеро танҳо дар сурати ҳарчи бештар огоҳ шудан аз таъриху фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллии худ мо метавонем Ватанамонро боз ҳам ободтар сохта, манфиатҳои халқу давлатамон ва истиқлолияти онро дар сатҳи зарурӣ ҳимоя намоем.

Ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, расму оинҳои нек ва маросиму ҷашнҳои миллии худ, пеш аз ҳама Наврӯзро огоҳонаву озодона ва ба таври шоиста ҳифз кунем ва ҷашн гирем, зеро:

Наврӯз - Шоҳномаи шаҳриёрони миллати мост.

Наврӯз - ёдгори ҷовидонаи «Ёдгори Зарирон» аст.

Наврӯз - дарахти ҳамешасабзи «Ассурик» аст.

Наврӯз - ҷашни Ҷамшед, «Корномаи Ардашер», «Пандномаи Анӯшервон» ва «Андарзномаи Бузургмеҳр» аст.

Наврӯз - «Ганҷи шойгон»- и «Занду Позанд» аст.

Наврӯз - сарчашмаи мусаффои «Минӯи хирад» аст.

Наврӯз - замзамаи навоҳои борбадии «Наврӯзи Бузург», «Боғи Шаҳриёр», «Партави Фархор», «Сабз андар сабз», «Кини Сиёвуш» ва «Сарвистон» аст.

Наврӯз - таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонагӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аст.

Аз ин рӯ, бори дигар шумо – ҳозирини гиромиро бо иди аҷдодиамон, яъне Наврӯзи Аҷам табрик гуфта, ба ҳамаатон саодати рӯзгор ва файзу баракати наврӯзӣ орзу менамоям.

Ва дар охир мехоҳам бо забони Саъдии ширинсухан гӯям, ки:

Баромад боди субҳу бӯи Наврӯз,
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.

Муборак бодат ин солу ҳама сол!

Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз!

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520