Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан

26.04.2024 22:30, шаҳри Душанбе

26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президент ва Сарвазири ин кишвар, Попи Рим ва намояндагони воломақоми Созмони озуқа ва кишоварзии СММ мулоқоту музокироти созанда анҷом доданд.

Натиҷаҳои судбахши ин сафар имзои 9 санади муҳими ҳамкорӣ аз рӯи анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Италия, баргузории форуми тиҷоратии ду кишвар оид ба муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва имзои ҳуҷҷатҳо оид ба пешбурди фаъолияти соҳибкорони Италия дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Рим - Фюмичино ба номи Леонардо да Винчи меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтироми баланд намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Италия ва Ватикан гусел карданд.

Шоми рӯзи 26 апрел Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Рим ба Ватан баргаштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520