Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастури Пешвои миллат доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ

10.05.2024 11:50, шаҳри Душанбе

10 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба мисли боронҳои шадиди селу ҷола, обхезӣ ва сангрезиш дар роҳҳои кӯҳӣ чораҳои зарурӣ амалӣ намуда, мардумро аз ин хатарҳо огоҳ намоянд.

Таъкид гардид, ки имрӯз ва чанд рӯзи наздики дигар дар минтақаҳои гуногун, бахусус ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ обу ҳавои номусоид ва офатҳои табиӣ пешбинӣ мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520