Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи шифохонаи Вазорати корҳои дохилӣ

01.09.2012 09:00, шаҳри Душанбе

Субҳи барвақт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба маҷмааи биноҳои навбунёди Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, онро дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуд.

Тавре зикр гардид, ин маҷмаа аз биноҳои дармонгоҳ, шифохона бо 100 кати хоб, комиссияи марказии тиббии ҳарбӣ ва маркази барқарорсозии саломатӣ, ки бо шароити монанд ба осоишгоҳ бунёд ёфтааст, иборат мебошад. Ҳамаи ин биноҳо бо таҷҳизоти нави замонавӣ ва шароити хуби хизматрасонӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Дармонгоҳи он дар як рӯз метавонад ба зиёда аз 300 нафар хизмати тиббӣ расонад. Дар утоқҳои ҷарроҳии он шароити гузарондани тамоми намудҳои ин амалиёт, ғайр аз ҷарроҳии дил муҳайё аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити дар ин ҷо барои муоинаю ташхис ва табобату солимгардонӣ муҳайёгардида баҳои баланд дода, ба масъулин дастур дод, ки хизматрасониро ба беморону ниёзмандон дар сатҳи баланд ва бо ғамхорию шафқати матлуб ба роҳ монанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520