Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева

16.05.2024 17:37, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева 16.05.2024

16 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиеваро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ шуд.

“Мо саҳми Хазинаи байналмилалии асъорро дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварамон қадр менамоем”,-таъкид доштанд дар оғози мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ, дастгирии тавозуни пардохт, таъмини устувории захираҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум табодули андеша карданд.

Роҳҳои тобовар намудани иқтисоди Тоҷикистон ба таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла шиддати хавфҳои геосиёсӣ, нооромиҳои минтақавӣ ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Барои устувории рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар кишвари мо идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷудо намудани маблағҳои грантӣ зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соҳаҳои судовари саноат, кишоварзӣ, энергетика ва тақвияти неруи инсонӣ андешаронӣ карданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520