Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

20.05.2024 19:16, шаҳри Душанбе
Машварати корӣ  20.05.2024

20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони як қатор сохторҳои марказии кишвар ва вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ машварати корӣ доир намуданд.

Дар машварат нахуст масоили вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, таъмиру боз намудани роҳҳои осебдида ва расондани кумакҳои зарурӣ ба мардуми зарардида баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масоил ва ҳамчунин барои иҷрои супоришҳои рӯзи 9 март дар мулоқот бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа ва ходимони дин додашуда, аз ҷумла барои таъмини волоияти қонун ва амну суботи устувор дар ҷомеа ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520