Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори иҷроияи ширкати (Khoday group)-и Ҳиндустон

03.09.2012 17:20, Ҳиндустон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Деҳлӣ Директори иҷроияи ширкати Ходай групп (Khoday group) - и Ҳиндустон Шри Ҳари Ходайро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот нақшаҳои кунунӣ ва ҳамкории ояндаи ин ширкат бо Тоҷикистон муҳокима гардид.

Тавре зикр гардид, ин ширкат бо Тоҷикистон нақшаҳои зиёди ҳамкорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои гидроэнергетика, аз ҷумла доир ба бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва парандапарварӣ дорад.

Ёддошти тафоҳуме, ки имрӯз миёни ин ширкат ва Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба имзо расид, заминаи хуби қарордодию ҳуқуқии густариши робитаҳо хоҳад буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520