Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга

10.06.2024 19:10, шаҳри Душанбе

10 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро ба ҳузур пазируфтанд.

 “Дар шахси Шумо ба кишвари дӯсти Зимбабве, ки ташаббусҳои Тоҷикистонро дар соҳаи об ва иқлим дастгирӣ намуда, дар татбиқи онҳо фаъолона ширкат меварзад, арзи сипос менамоям”, – изҳор доштанд дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ омодагии кишварҳоро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба иброз дошта, масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори саноат, кашф ва истихроҷи маъданҳо, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва дигар самтҳои иқтисодӣ баррасӣ намуданд.  

Дар рафти мулоқот оид ба авҷ гирифтани низоъҳо дар кишвару минтақаҳои гуногун, афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табодули андеша сурат гирифт.

Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд ҷараён гирифт.    

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520