Бегоҳии 3-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ мулоқот намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Пранаб Кумар Мукерҷӣ аз мулоқоту музокироти зиёди давоми рӯз суратгирифта ва имзо шудани 12 санади нави ҳамкорӣ миёни сохторҳои гуногуни давлатӣ ва хусусии ду кишвар изҳори хушӣ карда, онро таконбахши робитаҳои минбаъдаи сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию фарҳангӣ ва амниятию низомӣ номиданд.
Таъкид гардид, ки имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкории судманди дуҷониба заминаи воқеӣ барои баровардани муносиботи ду кишвар ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ мебошанд.
Гуфтугӯи созанда, ҳамчунин доир ба масоили минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.