Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Украина

16.12.2011 23:00, Украина

Рўзҳои 15 ва 16 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Украина қарор дошт.

Дар фурўдгоҳи байналмилалии Борисполи шаҳри Киев меҳмони олимақомро бо меҳмоннавозии самимӣ истиқбол гирифтанд.

Барномаи сафари расмӣ бо маросими гулгузорӣ дар назди пайкараи Сарбози номаълум ва иштирок дар маросими «Голодомор» оғоз ёфт.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди Дастгоҳи Президенти Украина баргузор гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Украина Виктор Янукович истиқбол гирифт.

Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани Горди фахрии Украина, гузориши фармондеҳи горд, садо додани сурудҳои миллии ҳарду давлат, гузаштан аз назди горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.

Масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Украина нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Янукович ва сипас дар музокироти сатҳи олӣ бо иштирок ҳайатҳои ду ҷониб баррасӣ шуд.

Гуфтугўйи судманд доир ба ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ сурат гирифт.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Украина дар соли 2010 ба 200 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли 2009 65% зиёд аст ва имсол низ ин тамоюл идома дорад.

ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, қабл аз ҳама гидроэнергетика ҳамоно аз самтҳои афзалиятдори ҳамкории иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид, зеро 90% дастгоҳҳои техникии нерўгоҳҳои обии Тоҷикистон дар Украина сохта шудаанд.

ҳарду ҷониб ба ҷалби сармоягузорони Украина ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла доир ба таҷҳизоти гуногуни барқӣ, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Ба тариқи лизинг пешниҳод шудани техникаи кишоварзӣ, қатораҳои роҳи оҳани Украина ва иштироки ин кишвар, аз ҷумла доираҳои соҳибкории хусусии он дар бунёди хатҳои нави роҳи оҳан дар Тоҷикистон матлуб дониста шуд.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва туризм низ аз самтҳои муҳими муносиботи ду кишвар маънидод шуд.
Ба ифтитоҳи филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Украина дар Тоҷикистон ва мубодилаи устодону донишҷўён ва олимони ду кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгироии минтақавию байналмилалии ду кишвар, авзои Афғонистон ва роҳҳои барқарорсозии эътидол дар ин кишвар ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Сипас дар ҳузури сарони ду давлат 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Украина;

Протокол миёни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Украина оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот аз 2 апрели соли 2004;

Протокол миёни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Украина оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи ҳукуматӣ;

Тафоҳумнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Суди конститутсионии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Украина;

Шартномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Украина;

Созишнома миёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти давлатии вилояти Лугански Украина оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ;

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Украина:

Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Янукович аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои робитаҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз Виктор Янукович даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Зимни мулоқоти расмии сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Украина Виктор Янукович ба ҳамдигар мукофотҳои олии давлатӣ тақдим намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Украина - орден «Барои хизматҳо» дараҷаи 1 ва Президенти Украина Виктор Януковоич бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон - ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Украина Виктор Янукович ҳамроҳ ҳамчунин аз Варзишгоҳи бузурги олимпии шаҳри Киев дидан карда, бо ҷараёни омодагиҳои ин кишвар ба қабули чемпионати Аврупо оид ба футбол, ки соли оянда баргузор хоҳад шуд, шинос шуданд.

Виктор Янукович аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Киев ташриф биёрад, то ки ҳамроҳ бозии ниҳоии чемпионати футболи Евро – 2012 – ро тамошо кунанд.

ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Украина, ҳамчунин дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Украина Николай Азаров баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба барқарорсозии робитаҳои қаблӣ ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва техникӣ, Шўрои муштараки соҳибкорӣ ва дигар мақомоти кории ду кишвар бояд тақвият дода шавад, то ки тамоми санадҳо ва тавофуқоти ҳосилшуда мавриди татбиқи босамар қарор бигиранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Украина Виктор Янукович ҳамчунин дар форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ҳамроҳ иштирок намуданд.

Дар форуми мазкур, ки дар бинои Палатаи савдо ва саноати Украина дар шаҳри Киев ҷараён гирифт, зиёда аз 300 нафар соҳибкорону тоҷирони соҳибнуфуз аз ҳарду кишвар ширкат доштанд.

Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Янукович бо ишора ба имкону захираҳои фаровони истифоданашуда аҳли нишастро ба густариши ҳамкорӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ояндадори Тоҷикистон даъват намуда, изҳор доштанд, ки аз ҷониби роҳбарияти ҳарду давлат шароити зарурӣ барои онҳо муҳайё хоҳад шуд.

Тавре зикр гардид, иштироки бевоситаи сарони ҳарду давлат дар ин нишаст ва даъвати бевоситаи онҳо аз доираҳои соҳибкории хусусӣ аз омодагӣ ва ҳавасмандии роҳбарияти олии ду кишвар ба таҳким ва тавсиаи ҳамкории сохторҳои сатҳу зинаҳои гуногун гувоҳӣ медиҳад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки созишномаи оид ба таъсиси Шўрои муштараки соҳибкорӣ имзошуда ва ба фаъолият шурўъ намудани ин сохтор воситаи хуби муколама ва дарёфти роҳу василаҳои нави ҳамкорӣ мегардад.

Мулоқоту суҳбатҳои сершумор ва судманд, ҳамчунин бевосита миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар сурат гирифт, ки зимни онҳо тавофуқоти умедворкунанда ҳосил шуданд.

Бегоҳии рўз Президенти Украина Виктор Янукович ба ифтихори ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зиёфати бошукуҳи расмӣ орост дар фазои эҳтирому самимияти воло ҷараён гирифт.

Рўзи 16 декабр сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина дар шаҳри Днепропетровски ин кишвар идома ёфт.
Дар фурўдгоҳи шаҳри Днепропетровск меҳмони олимақомро раиси вилояти Днепропетровск, Раиси маҷлиси вилоятӣ, раиси шаҳри Днепропетровск ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти хоса ва расму оини миллии меҳмоннавозӣ истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи мошинсозии Южний, ки бештар бо номи Южмаш маъруф аст, ташриф оварда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуд.

Тавре зикр гардид, самти асосии фаъолияти «Южмаш» истеҳсоли мушакҳои барандаи кайҳонӣ, қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳо ва тадқиқотҳои илмӣ-техникии кайҳоншиносӣ буда, дар он ҳамчунин троллейбус ва трактору дигар техникаи кишоварзӣ истеҳсол карда мешавад.

Маҳз ба хотири ҳамин корхона Украина чун кишвари дорои иқтидори кайҳоншиносӣ эътироф гардидааст.

Зимни боздид ва шиносоии наздики Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кори корхона ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, як корхонаи муштарак доир ба ҷамъсозӣ ва фурўши тракторҳои ЮМЗ ва дигар мошинолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шавад. «Фаъолияти ин корхона бояд бо назардошти талабот дар бозори минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ ташкил карда шавад», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар наздикии Южмаш Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Бюрои конструктории Южний, ки пойгоҳи асосии овозадори илмӣ-техникии корхонаи Южмаш буду ҳаст, ташриф оварда, бо корҳои он, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, аз наздик шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, қисмати зиёди мушакҳои ҳарбию кайҳонӣ, аз ҷумла мушакҳои байниқитъавии қўшунҳои мушакии таъиноти стратегии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ маҳз дар ҳамин маркази илмӣ-технологӣ ихтироъ шуда, дар Южмаш санҷидаю истеҳсол шудаанд.

Имрўз бошад ҳайати илмию ихтироотии ин бюрои конструкторӣ бештар ба тадқиқоту ихтирооти кайҳонии таъиноти ғайринизомӣ, аз ҷумла мушак – барандаҳои кайҳонӣ, моҳвораҳо, қисмҳои эҳтиётии онҳо ва қисман ба хизматрасонии мушакҳои ҳарбии ҳанўз дар қўшунҳои низомӣ боқимонда машғул мебошанд.

Дар корхонаи Южмаш ва Бюрои конструктории Южний Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ҳамчунин собиқ Президенти Украина Леонид Кучма ҳамроҳӣ намуд.

Сипас ҳайати расмии Тоҷикистон ба Корпоратсияи «Агросоюз»-и Днепропетровск ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши он аз наздик шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки ин корхона соли 1991 таъсис ёфта, дар зарфи 20 соли фаъолияташ ба дастовардҳои намоён ноил гардидааст.
Шуғли асосии аҳли заҳмати он растанипарварӣ, чорводорӣ ва парвариши шутурмурғ буда, тамоми корҳо бо истифода аз технологияҳои пешқадами каммасрафу пурсамар ба роҳ монда шудаанд.

Технологияҳои муосири агротехникӣ дар ин ҷо дар ҳамкорӣ бо ширкати олмонии ҳорш (HORSH) ва дигар шарикони маъруфи ҷаҳонии он ба роҳ монда шудаанд.

Тавре зикр гардид, Корпоратсияи «Агросоюз»-и Днепропетровск бо маркази муосири таълимӣ ва корҳои намунавии истеҳсолиаш, ҳамчунин барои таҷрибаомўзии мутахассисони ин соҳа аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешбинӣ шудааст.

Зимни боздид барои ташкили ҳамкории босамари ин корхона бо сохторҳои марбутаи Тоҷикистон тавофуқоти муҳим ҳосил шуд.

Нимаи дуюми рўз дар Донишгоҳи миллии кўҳкории Украина Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷўёни он ва намояндагони тоҷикону тоҷикистониёни муқими Украина мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот бо устодону донишҷўён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи миллии кўҳкории Украина ва медали тиллоии академик Терпигорев сарфароз гардонда шуд.

Дар толори маҷлиси Донишгоҳи миллии кўҳкории Украина Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷўёни тоҷик ва дигар тоҷикону тоҷикистони муқими Украина, ки гўшаҳои гуногуни ин кишвар ҷамъ омада буданд, мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои сершумори онҳо посух дод.

Чунонки аён гардид, донишҷўён аксаран бо ҳисси баланди ифтихори миллию ватандўстӣ ва масъулияти волои ватандорӣ баҳри омўзиши илму техникаи муосир, технологияҳои пешқадам ва забонҳои хориҷӣ камар мустаҳкам бастаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин донишгоҳ 7 нафар донишҷўёни тоҷик бо бурсияи (квотаи) давлатии Украина таҳсили илм мекунанд. қарор аст, ки минбаъд шумораи бурсияҳо барои донишҷўёни тоҷик зиёд карда шавад. Умуман дар мактабҳои олии Украина ҳоло зиёда аз 400 нафар донишҷўёни тоҷик таҳсили илм мекунанд.

Бо ҳамин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина, ки бо пазироии самими мизбонон ҷараён дошт, бо натиҷаҳои пурарзиш, аз ҷумла имзои 7 санади нави ҳамкорӣ ва тавофуқоти зиёди дигар ба поён расид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520