Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз ноҳияи Рӯшон

18.09.2012 12:17, ноҳияи Рӯшон

Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ноҳияи Рӯшон огоз ёфт.

Дар ин ноҳия бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон филиали литсей-интернати касбии махсуси маъюбон ва як мактаб-интернати муҳташами ҷумҳуриявӣ барои 640 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни боздид аз филиали муассисаи давлатии литсей-интернати касбии махсуси маъюбон, аз ҷумла зикр гардид, ки дар он хонандагони синфҳои болоӣ, ки имконоти маҳдуди ҷисмонӣ доранд, ҳунарҳои ҳисобдорӣ, дӯзандагӣ ва технологияҳои компютерӣ меомӯзанд.

Тавре зикр гардид, мабалғгузории ин муассисаи таълимӣ аз сарчашмаҳои ҷумҳуриявӣ буда, дар он тамоми шароити зарурӣ барои таълими умумӣ, касбомӯзӣ ва будубоши шабонарӯзӣ муҳайё аст. Толибилмони ин муассиса бо ошхонаи зебою барҳаво, хӯроки бепул, хобгоҳи хуштарҳи замонавӣ ва дигар шароити зарурӣ таъмин мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа дастур дод, ки шароити таълиму ҳунаромӯзии литсей боз ҳам беҳтар карда шавад. Таъкид гардид, ки бо кӯтоҳ намудани муҳлати ҳунарҳои зудазхудшаванда шумораи умумии хатмкунандагони литсей афзун карда шавад.

Зимни боздид аз мактаб-интернати сеошёнаи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки он барои 640 нафар хонандагони ятиму бепарастон ва аз оилаҳои ба кумак ниёзманд аз тамоми гӯшаю канори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешбинӣ шудааст.

Мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои фанҳои риёзӣ, физика, кимиё, биология, ҳунаромӯзии духтарону писарон ва дигар шароити муосири таълиму тарбия мебошанд. Ба гуфти омӯзгорону хонандагон, онҳо чунин мактаби муҳташаму дорои беҳтарин шароити замонавиро танҳо орзу мекарданд.

Шароите, ки дар толори бузурги варзишии он муҳайё гардидааст, метавонад натанҳо аз ҷониби мактаббачагон, балки дигар ҷавонону наврасони ноҳия мавриди истифода қарор гиранд. Дар толори бузурги маҷлисии он низ метавон натанҳо чорабиниҳои мактабӣ, балки ноҳиявӣ ба роҳ монда шаванд.

Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон, ҳамчунин дорои ошхонаи зебою муҷаҳҳаз бо 180 ҷойи нишаст ва бинои дуошёнаи хобгоҳ мебошад. Хобгоҳи мактаб ҳоло дорои 450 ҷойи хоб буда, дар он тамоми шароити зисту истироҳат, дарстайёркунӣ ва ғайра муҳайё гардидааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳия бо намояндагони сершумори омӯзгорону хонандагон ва аҳли маорифи Рӯшон мулоқоти судманд анҷом дод. Зимни суханронии Сарвари давлат ва маҳфили пурсишу посухҳо ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию ноҳиявӣ барои таъмини рушди босуботи минбаъдаи Рӯшон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки роҳҳои дохилии маркази ноҳияи Рӯшон дар муҳлати кӯтоҳ пурра навсозӣ карда шаванд.

Тибқи дастури дигари Президенти кишвар мушкили норасоии нерӯи барқ дар водии Бартанг дар солҳои наздик бо бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ бояд бартараф гардида, роҳҳояш навсозӣ шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520