Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди ободонии босуръати маркази нави ноҳияи Шуғнон гардид

18.09.2012 18:10, ноҳияи Шуғнон

Нимаи дуюми рӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази нави маъмурии ноҳияи Шуғнон - шаҳраки Ваҳдат идома ёфт.

Дар ин ҷо бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 4 бинои нави зебою замонавӣ, ки аз идомаи босуботу босуръати бунёди маркази нави маъмурии ноҳияи Шуғнон шаҳодат медиҳанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Нахуст дар шаҳраки Ваҳдат бинои намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он 15 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар паҳлӯи он бинои нави филиали Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк ифтитоҳ ёфт, ки дар он 15 нафари дигар соҳиби кор ва маоши хуб мешаванд. Тавре иттилоъ дода шуд, ин филиали Амонатбонк дар ноҳияи Шуғнон танҳо дар соли равон ба 136 мизоҷ 1 миллиону 85 ҳазор сомонӣ қарз додааст. Пасандозҳои аҳолӣ дар он ба 1 миллиону 36 ҳазор сомонӣ мерасад, ки нишона аз болоравии боварию эътимоди мардум ба бонкҳои кишвар аст.

Зимни ифтитоҳи филиали Тоҷиксодиротбонк бошад, аз ҷумла зикр гардид, ки ҳоло дар Вилояти Мухтори Кӯҳтистони Бадахшон ин бонк 9 филиал дорад, аз ҷумла 2 то дар шаҳри Хоруғ ва яктогӣ дар марказҳои дигар ноҳияҳои он. Дар 9 филиали Тоҷиксодиротбонк дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд ва маоши моҳонаи онҳо на кам аз 1000 сомонӣ мебошад. Танҳо дар филиали нави он дар ноҳияи Шуғнон 32 нафар ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Тоҷиксодиротбонк ба 4650 нафар дар ин вилоят дар ҳаҷми умумии 17 миллиону 760 ҳазор сомонӣ қарз додааст. Пасандозҳои аҳолӣ бошад дар ин бонк 12 миллиону 350 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Тоҷиксодиротбонк Тоҷиддин Пиров уҳдадор шуд, ки дар арафаи Иди забони давлатӣ, ки рӯзи 5 октябр таҷлил мегардад, ба 1300 оилаи ниёзманди ноҳияи Шуғнон кумаки моддӣ расонда, ҳамчунин тӯйи хатнаи писарчаҳои чунин оилаҳоро дар фазои идонаи пуртантана ба роҳ мемонад.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдат, ҳамчунин бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре аён гардид, ин бинои нави боҳашамат дорои 32 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳи зебою барҳаво бо 240 ҷойи нишаст буда, боиси шодию нишоти кормандон гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди аҳолии ноҳияи Шуғнон бо ёдоварӣ аз идомаи сохтмони даҳҳо биноҳои нави маъмурии мақомоти гуногуни давлатию ҷамъиятӣ ва иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори боварӣ намуд, ки маркази нави ин ноҳия дар муҳлати кӯтоҳ ба як шаҳраки замонавӣ ва ободу зебо табдил меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520